Зеҳн
ФАРИШТА ДАР ДӮЗАХ

Хонандаи арҷманд, китобе, ки ҳоло дар даст дорӣ, нахустин роман ва чаҳор ҳикояи журналисти маъруфи тоҷик Соҷидаи Мирзо аст.

Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 473 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Саг шабро дар канори фарзандонаш рӯз кард, зан дамидани субҳро бесаброна интизор буд, то аз онҳо хабар бигирад.
Саҳар дари таҳхонаро боз карду манзараи аҷиберо дид, Атан ба пушт хобида буд ва бачаҳояш ӯро савор шуда, пистонҳояшро мемакиданд. Лабҳояшон широлуд буд. Зан хурсанд шуд, ки ба синаҳои саг шир омад. Дар курсӣ нишасту онҳоро тамошо кард ва аз дилаш гузашт, ки бо вуҷуди ин ҳама заҷр Атан аз ӯ дида хушбахттар аст, чаҳор бачаи кучулу зоидааст.
Забир бегоҳ аз бемораш хабар гирифт. Ӯ гуфт, ки ташхиси хун уфунатро нишон дод ва саг бояд даҳ рӯз антибиотик бигирад.

  • Медонам барои омпулзаниам маро дӯст намедорӣ, аммо ҷӯра тоқат кун, дармонат ҳамин аст. Худо хоҳад, то ҳафтаи дигар давида мегардӣ. Пешгӯии духтур занро шод кард
  • Ростӣ, фаромӯш кардам бигӯям, ки тӯлаҳои Атан аз нутфаи саги зотӣ, мумкин зоти худаш ё аз он болотар, ба дунё омаданд. Ҳаво хунук мешавад, онҳоро то фарорасии зимистон тақсим кунед ё барои нигаҳдорӣ ҷой омода кунед, инҳо зуд калон мешаванд.
    Зан то ҳол дар ин бора фикр накарда буд, магар дилаш мешавад, ки ӯро аз бачаҳояш ҷудо кунад?
  • Ҷудоӣ бо фарзандонашро таҳаммул мекарда бошад?
  • Сарнавишти ҳайвонҳо ҳамин аст, хоҳар онҳо хотираи тӯлонӣ надоранд, одат мекунанд. Агар шумо мухолиф набошед, ман яке аз инҳоро мехарам. Як саг доштем, соли гузашта аз пирӣ даргузашт. 15 сол бо мо буд, мисли узви хонавода. Бачаҳо хоҳиш доранд, ки саг бигирем ва то ҳол саги хости дили худро намеёфтам.
  • Аз сина ҷудо шавад, баъд, акаи Забир, сагро намефурӯшам, дар ивази табобати модараш ба шумо туҳфа мекунам. Бачаҳои Атан зуд бузург мешуданд, ангор, соат ба соат бузург мешуданд. Зан кучукҳоро ба офтоб мебаровард то дар таҳхона нам накашанд.
пешина
аз 473
навбатӣ