ФАРИШТА ДАР ДӮЗАХ

Хонандаи арҷманд, китобе, ки ҳоло дар даст дорӣ, нахустин роман ва чаҳор ҳикояи журналисти маъруфи тоҷик Соҷидаи Мирзо аст.
Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 473 саҳифа
Ҳикоя
Аз аввал хонданӮ гуфт, ки тӯлаҳои саг мисли алмоси суфта тозаву беолоишанд, аммо худи саг фарсудагии ҷисмониву равонӣ дорад ва шояд хунаш уфунат гирифтааст. Табиб гуфт, ки ҷавоби ташхиси хунро фардо меорад ва равиши табобатро муайян мекунад. Ӯ аз ҷузвдонаш шишаеро бароварду ба зан дароз кард ва гуфт, ки сагро бо оби гарм шустушӯ диҳад ва аз ин дору ба танаш бимолад:
- Кӣ медонад ин бечора дар куҷоҳо мехобид, ҳатман кайку кана дар пӯсташ хона кардаанд.
Зан ба ҳамон тағораи калоне, ки Атан доим дар он оббозӣ мекард, чанд сатил оби гарм рехт ва як шиша шампунро дар дохилаш холӣ кард. Кафк аз тағора ба замин рехт ва бӯи хуше ҳавлиро фаро гирифт. Атанро бо эҳтиёт аз таҳхона берун оварданд, бечора мутеона ба об даромад. Зан лифу шонаи майдадандон овард, то пӯсташро аз кайку кана тоза кунад. Мехост сагро зудтар бишӯяду пашми зардашро бубинад. Аммо ҳеҷ интизор надошт, ки ин раванд барои ҳарду дарднок мешавад. Бадани сагро лиф зад, аммо баробари ба пӯсташ расидани дандонҳои шона Атан нолиш кард ва аз тағора хест. Зан шонаро берун кашиду зери пӯсти сагро ламс кард. Захми амиқро дид, ки шояд асари корд ё оҳани тез буд. Ҷароҳат тоза набуд, эҳтимол дар рӯзҳои аввали оворагардиаш ба ӯ ҳамла карданд. - Бишканад дасти касе, ки туро захмӣ кард. Худо рӯзи туро ба сари ӯ биёрад. - зан мегуфту мегуфт ва сагашро навозиш мекарду ашк мерехт.
-Апаҷон, ин захмҳо шифо меъбанд, биёед сагро якҷо мешӯем, баъд ман худам ба танаш малҳам мемолам.
Хоҳарон фарсудагии ҷисмонии сагро замоне мушоҳида карданд, ки кафк шӯста шуд ва пашми зарди Атан ба танаш часпид. Он қадар лоғар буд, ки дандаҳояшро ба осонӣ мешуд ҳисоб кард.
Саг баъди оббозӣ каме ба худ омад, ҳатто ду се порча гӯшт хурд. Зан таҳхонаро тоза карду дар замин палосу кӯрпаи тоза партофт.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор