Зеҳн
ФАРИШТА ДАР ДӮЗАХ

Хонандаи арҷманд, китобе, ки ҳоло дар даст дорӣ, нахустин роман ва чаҳор ҳикояи журналисти маъруфи тоҷик Соҷидаи Мирзо аст.

Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 473 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан
  • Шояд онҳоро аз таҳхона ба долон бубарем? - машварат дод хоҳараш.
  • На бигзор ин ҷо бошанд, Атан ин ҷоро худаш интихоб кардаст.
    Забир ваъда дод, ки баъд аз кор меояд. То омадани ӯ як пойи зан дар ошхона буду пойи дигараш дар таҳхона. Ба тӯлаҳои саг бо пистонак шир дод. Каме хурданду хаста шуданд, кафки шир дар лаб хобашон бурд. Зан онҳоро паҳлӯи ҳам гузошт, мисли навзодҳои таваллудгоҳ ва бо пату пӯшонд. Атан сар аз замин намебардошт, зуд-зуд нафас мегирифт ва шикамаш бо суръат пасту баланд мешуд.
    Забир ба ваъдааш вафо карду бегоҳ ба хона омад ва зан ӯро рост ба таҳхона бурд. Табиб ҷузвдони омпулу доруҳояшро дар як гӯша гузошту пушти сарашро хорида, қадаме ба пеш гузошт.
  • Хуб, аз кӣ сар кунем, аз модар ё навзодҳо? Гӯшҳои саг сих шуданд, ӯ аз ҷой бархосту ба нади бачаҳояш рафт ва ба тарафи Забир аккос зад.
  • Маро нашинохтӣ ҷӯра? О, аз хурдӣ бо доруву дармони ман бузург шудӣ, ҳоло ин бегонагӣ чаро?
    Забир табиби хуб аст, ҳайвонҳои кӯча ӯро мешиносанд, ӯ модаговҳоро доягӣ мекунад, сагу гурбаҳоро аз марг мераҳонад ва бисёр вақт барои хизматаш пул ҳам намегирад.
    Ба касбаш эҳтиром дорад, бо айнаки гирду хилъати сафед, олимҳои давраи то инқилоби русро мемонад. Одамҳо механданд, ки Забир барои гову хар хилъати сафед мепӯшад.
    Атан садои Забирро шинохту беҳолона дум ликонд ва ба ҷойи аввалааш баргашт. Духтур тӯлаҳои ӯро як-як муоина кард: тапиши қалбашонро шунид, гӯшу даҳонашонро дид, шикамҳояшонро ламс кард, айни духтури одамҳо. Сипас, “ҷӯра акнун навбати ту”, - гуфта, Атанро ба замин хобонд.
    Тамоми аъзои баданаро чек кард, барои озмоиш хун гирифт ва ба танаш ду омпул зад.
    Забир хулосаи муоинаи тӯлониашро дар рӯи ҳавлӣ эълон кард.
пешина
аз 473
навбатӣ