ФАРИШТА ДАР ДӮЗАХ

Хонандаи арҷманд, китобе, ки ҳоло дар даст дорӣ, нахустин роман ва чаҳор ҳикояи журналисти маъруфи тоҷик Соҷидаи Мирзо аст.
Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 473 саҳифа
Ҳикоя
Аз аввал хондан- Худоё, ин чӣ аст? Атан зоидаст? Ҳарду хоҳар аз дидани ин саҳна дар шигифт шуданд. Замини таҳхона ва кӯрпаи зери пойи тӯлаҳои саг хунолуд буд. Шояд дар вақти дарди зоймон аз бетоқатӣ таҳхонаро давр задасту ҷой иваз кардаст.
- Азизи ман, шарики рӯзҳои танҳоии ман, магар ман ин қадар бароят бегона будам, ки дар танҳоӣ дард кашидиву маро садо накардӣ? Шояд дидӣ, ки соҳибат намезояд, барояш бачаҳоятро туҳфа овардӣ? Хоҳар, дилам аз дард месӯзад. Ман ин сагро бо эркагӣ дар бағалам бузург кардам. Бубин, ба чӣ рӯз гирифтор шудаст.
- Апаҷон, ин қадар ғам нахӯред, дар куҷое хонда будам, ки сагҳо дар вақти зоймон ба ҳарими хусусӣ тарҷеҳ медиҳанд, аммо бечора чӣ қадар касиф шудааст, гӯё ин ҳама вақт дар ахлотҷой хоб буд.
Зан даст дароз карду хост тӯлаи сагро бардорад, Атан ғуррид, дандонҳояш гиз шуданд.
Зан ақиб нишасту сари сагро сила кард.
-Ҷони ман, наход ман ба бачаҳои ту осеб расонам? Ман туро чун бачаи худам дар кафи дастам бузург кардам, натарс, ман онҳоро бештар аз ту дӯст медорам. Ӯ даст дароз кард ва аз тӯлаҳои мисли калобаҳои зард ба ҳам печида, якеро бардошту ба рӯяш наздик овард. Бачаи саг фукашро ҳар тараф тоб медоду пистони модарашро меҷӯст. - Айни кӯдакиҳои модараш аст. Солҳо пеш ман Атанро ана ҳамин тавр дар кафам гирифтаму бӯсидам ва барои якумр дӯсташ доштам. Ӯ ҳам фукашро ба ҳар сӯ тоб медоду пистон мекофт. Зан пистонҳои Атанро бо эҳтиёт ламс кард, синаҳои кашоли саг холӣ буданд. Эҳтимол рӯзҳо чизе нахӯрда буд.
Аз хоҳараш хоҳиш кард, ки дар як коса шир биёрад ва дар косае гӯшти бирён. Биёрад ки аз шаб монда буд. Саг ширро хурду ба гӯшт даҳон назад, хеле беҳол буд, ба замин ғелиду чашмонашро пӯшид. Дили зан фишурда шуд. - Саг мариз аст, бояд ба Забир занг занем. Ӯ табиби ҳайвонот аст, дардашро пайдо мекунад, вагарна ин мемирад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор