ФАРИШТА ДАР ДӮЗАХ

Хонандаи арҷманд, китобе, ки ҳоло дар даст дорӣ, нахустин роман ва чаҳор ҳикояи журналисти маъруфи тоҷик Соҷидаи Мирзо аст.
Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 473 саҳифа
Ҳикоя
Аз аввал хондан- зан гардани сагро гирифту нола кард.
- Ту куҷо будӣ, чаро маро партофтӣ. Медонӣ, баъди рафтанат чиҳо аз сари ман гузашт. Медонӣ, ки дар ҷустуҷӯят асоям сӯзану кафшам ғалбер шуд?
Саг хомӯшона сар ба китфи соҳибаш гузошт, хеле беҷуръатона ва хастаҳолона. Атани пешина дар вақти дӯстдорӣ соҳибашро чанд бор аз пой меафтонд. Атани феълӣ бори тани худро базӯр мекашид. Саг ниҳоят сар аз китфи соҳибаш бардошт ва ӯро теле дод, ки бархезад.
Саг ба сӯи таҳхона рафт, аммо боз истоду ба ақиб нигарист ва гӯё мехост мутмаъин шавад, ки соҳибаш ба думболаш меояд ё не.
Зан моту маҳабут шуд. Ин андеша, ки саги нозпарвараш чӣ рӯзҳои сахтеро аз сар гузаронидааст, дилашро реш мекарду ашкашро шашқатор.
Хоҳараш ба ӯ як пиёла об дод, то каме ба худ биёяд. - Апа, ин саг чӣ дарде дорад, мисле, ки чизе гуфтан мехоҳад.
Саг ба сӯи таҳхона рафт ва дар дами интизор шуд, то соҳибаш биёяд. Нигоҳаш он қадар имдодҷӯёна буд, ки дилро реш мекард. Зан бархоста, ба думболи саг рафту хоҳараш ба думболи ҳарду.
Таҳхона торик буд. Зан аз он рӯзе, ки гутфугӯи телефонии шавҳарашу модаршӯяшро шунид ва ларза дар ҷонаш афтод, дигар ба таҳхона сар назада буд. Деворро палмосиду тугмаи барқро пахш кард, таҳхона рӯшан шуд.
Атан ба кунҷе рафту дар паҳлуи як тӯда болишту кӯрпаҳои куҳна қарор гирифта, чашм аз соҳибаш намеканд. Ин дам чизе дар зери кӯрпа ҷунбид ва садое монанд ба ҷив-ҷиви гунҷишкон ба гӯш расид. Зан лаби патуро бардошту дар ҷояш шах шуд. Чаҳор тӯлаи саг, ки ҳар кадоме дар мушт меғунҷид, якдигарро тела медоданду ҷар мешуданд ва фукҳояшонро боло карда, пистони модарро меҷӯстанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор