ФАРИШТА ДАР ДӮЗАХ

Хонандаи арҷманд, китобе, ки ҳоло дар даст дорӣ, нахустин роман ва чаҳор ҳикояи журналисти маъруфи тоҷик Соҷидаи Мирзо аст.
Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 473 саҳифа
Модаршӯи ҳамшираашро тақлид мекард. Бовиқор рӯ ба девор менишасту худро шамол медод ва телефони мобилашро чаппа дар гӯшаш гузошта, ҳамаро ғайбат мекард.
Ҳамширааш ба девонагиҳои хоҳараш механдид ва рӯҳаш каме болида мешуд. Зан хоҳарашро бисёр дӯст медорад. Бо ҳамон қомати баланд, чеҳраи зебо ва мӯйҳои марғуладор нусхаи худи ӯст, танҳо табиаташон фарқ мекунад. Хоҳараш духтари ҷасур аст ва ҳарфашро беибо мегӯяд. Зиндадил аст, хандааш мисли зангӯла садо медиҳад. Барои ҳар мушкил роҳи ҳал пайдо мекунад ва хеле замонавӣ аст. Ҳамширааш табиати ором дорад ва бештар суннатист.
Саргармии эҷодкардаи хоҳараш рӯҳияи занро бардошта, ҳолати равониашро беҳтар кард. Дар бораи шавҳараш аслан гап намезад, ангор ӯ ҳеҷ гоҳ дар зиндагиаш набуд. Шояд барои он ки захмҳои қалбаш ҳанӯз хуншор буданд ва даст расондан ба онҳо ҷонашро ба дард меовард. Сагашро бисёр ёд мекард. Баъзе шабҳо хобаш намебурд, панҷараро боз мекарду ба садоҳои кӯча гӯш медод. Ба хоҳараш мегуфт:
- Шояд маро девона хонӣ, аммо ман ҳузури сагамро дар ин атроф ҳис мекунам ва садои зузакашиашро мешунавам.
Пероҳанҳо билохира омода шуданд. Хоҳараш мисли моделҳои муд куртаҳоро як-як пӯшида, аз пеши назари ҳамширааш гузашт. Хеле зебо буданд ва зан аз кори худ қаноатанд шуд.
Хоҳараш зеботарин куртаро барои туйи дугонааш интихоб кард ва гуфт, ки пероҳанҳои дигарро мефурӯшад.
- Ба кӣ мефурӯшӣ, девона, ин ҷо магар ноҳияи худамон аст. - хандид ҳамширааш.
- Маро дасти кам нагир, агар дар як ҳафта тамоми куртаҳоро нафурӯшам номамро иваз мекунам.
Хоҳараш акси куртаҳоро дар чанд саҳифи интернетӣ нашр кард ва рақами телефон гузошт. Пероҳанҳо дар ду рӯз ба фурӯш рафтанд ва пули хубе оварданд. Муштариёни дигар пероҳанҳои хости дили худро фармоиш доданд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор