Зеҳн
ФАРИШТА ДАР ДӮЗАХ

Хонандаи арҷманд, китобе, ки ҳоло дар даст дорӣ, нахустин роман ва чаҳор ҳикояи журналисти маъруфи тоҷик Соҷидаи Мирзо аст.

Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 473 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Ин эълонҳоро дар тамоми кӯчаҳо насб мекунам. Чӣ гуфтӣ апаҷон?
Ҳарфҳои хоҳараш занро умедвор кард.
Онҳо аксҳои Атанро бо эълони ҷоиза ва рақами телефон дар сутуну долу дарахти кӯчаҳои дуру наздик бо ширеш часпонданд. Як ҳафта интизор шуданд, вале касе занг назад, зан ноумед шуд.

  • Апаҷон, ёдатон ҳаст, қавл дода будед, ки барои ман пероҳани монанд ба либоси моделҳои рӯи саҳнаро медӯзед.
  • Ёдам ҳаст, медӯзам, ягон вақти дигар.
  • Тирамоҳ дугонаам Санам тӯй дорад, ман шоҳиди ақди никоҳ интихоб шудам, куртаро барои ҳамон тӯй мехоҳам.
  • Санам издивоҷ мекунад? О дина мӯяш пахмоқ пойлуч давида мегашт-ку?
  • Апаи аз дунё бехабарам, Санам ду сол аз ман хурд аст
    18 сол дорад. Медӯзӣ куртаро?
  • Бошад рафтем, порчаҳоро аз сандуқ барор, аввал кӯрпаҳоро худат фарор.
  • Чашм, апаҷон.
    Духтар як пероҳан хост, аммо барои даҳ пероҳан матоъ интихоб кард. Агар ҳамширааш монеъ намешуд, порчаҳои дигарро ҳам мебардошт. Курта барояш муҳим набуд, мехост ҳамшираашро ба коре банд кунад, то аз ғами шавҳар, саг ва бефарзандиаш девона нашавад.
    Мошини хайётиро аз таҳхона бурун оварданд. Он аз тозагӣ медурахшид. Хоҳараш ҳайрон шуд, ки чӣ тавр ин дастгоҳ дар як таҳхонаи пур аз хоку чанг тозаву озода мондаст. Зан чизе нагуфт, хотираи он рӯз ва ҳодисаҳои минбаъда мағзи ӯро ба сӯзиш меовард.
    Ӯ як моҳ беист пероҳан дӯхт. Як рӯз ҳам манъ нашуд.
    Хоҳараш дар гирдаш паровонавор чарх мезад, латифа мегуфт, шеър мехонду рақс мекард. Саҳнаҳои хандадори даврони кӯдакиро ба ёд меовард. Дар тақлид устухон надошт.
пешина
аз 473
навбатӣ