Зеҳн
ФАРИШТА ДАР ДӮЗАХ

Хонандаи арҷманд, китобе, ки ҳоло дар даст дорӣ, нахустин роман ва чаҳор ҳикояи журналисти маъруфи тоҷик Соҷидаи Мирзо аст.

Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 473 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Дар як моҳи буду боши хоҳараш дар ин хона зан бори аввал дар бораи ҷудоияш ва захмҳои бозаш бо ӯ суҳбат кард.
-Медонӣ, гоҳ шаб аз бори сангини ғусса бедор мешавам.
Ҳис мекунам, ки дилам сиёҳ аст ва зиндагиам пучу беарзиш.
Ба акси худ дар оина менигараму худро намешиносам ва мегӯям, ки ту кистӣ, ин ҷо чӣ кор мекунӣ? Он лаҳзаҳо мехоҳам, ки набошам, мехоҳам бимирам.
Чашмони духтар пури об шуд. Ӯ ҳамшираашро бағал карда, аз чеҳрааш бӯсид ва сар ба зонуяш гузошт.

  • Ҳодисаро бояд ба хонавода мегуфтӣ, модаршӯят дар ҳамсоягии мо хешутабор дорад, хабари зан гирифтани шавҳарат ҳатман ба гӯши онҳо расидаст, хуб нест, ки модарам ин хабарро аз дигарон бишнавад, дилаш хун мешавад.
  • Намедонам чаро нагуфтам, шояд муъҷизаро интизор будам, шояд ба шавҳарам аз ҳад беш бовар доштам. Гумон мекардам, ки аз сари косаи оби никоҳ фирор карда, ба хона бармегардад ва мегӯяд, ки арӯсе даркор нест ва аз ятимхона кӯдак мегирему то охири умр хушбахтона зиндагӣ мекунем.
    Шояд барои он нагуфтам, ки намехостам озурда шаванд.
    Сарнавишти ман ҳамин будаст, хоҳар, аҷиб нест, ки аз як авлоди кӯдакзо мани бечор безурёт баромадам? Гиря гулӯгираш кард ва нахост хоҳарашро нороҳат кунад, ба ҳавлӣ баромад.
    «Дилаш чӣ қадар ғусса дорад. 24 соат ғам хӯрдан магар осон аст? Фил ҳам бошӣ, аз пой меафтӣ. Бояд ӯро аз ин варта берун кард, вагарна девона мешавад», - аз дил гузаронд хоҳараш ва дар ин андеша буд, ки чи тавр ҳамшираашро аз ин ҳолат берун кунад.
    Ӯ баъди ним соат коса дар даст ба рӯи ҳавлӣ баромад,
  • Апаҷон, як хӯроки хушмазза пухтам, агар як коса нӯши ҷон кунӣ, қавл медиҳам, ки фардо ҳамроҳ ба ҷустуҷӯи Атан мебароем. Ман як даста эълонро бо акси Атан чоп мекунам ва менависам, ки касе саги моро пайдо кунад, ҷоиза мегирад.
пешина
аз 473
навбатӣ