Зеҳн
ФАРИШТА ДАР ДӮЗАХ

Хонандаи арҷманд, китобе, ки ҳоло дар даст дорӣ, нахустин роман ва чаҳор ҳикояи журналисти маъруфи тоҷик Соҷидаи Мирзо аст.

Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 473 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Ба ҳеч тарафе нигоҳ намекарданд ва рост мерафтанд. Он қадар ором роҳ мерафтанд, ки ангор, дар дунё ба ҷуз онҳо касе набуд. Ҷусаашон ба Атан монанд буд. Зан зӯр зад, то бубинад, ки сагҳо чӣ ранг доранд, аммо натавонист. Ранги онҳо мисли ранги кӯча дар рушноии моҳтоб бунафш буд. Хост номи сагашро садо кунад, аммо истиҳола кард, то ҳамсояҳо девонааш нахонанд. Ба хона баргашту хобаш набурд, он ҷуфти саг аз зеҳнаш дур намешуд. Рӯзи дигар ба хоҳараш гуфт, ки шаб Атанро дид.
Хоҳараш омӯзишгоҳи тиббӣ хондааст, бо донише, ки аз омӯзишгоҳ гирифтааст, метавонист ташхис диҳад, ки ҳамширааш афсурдаҳолӣ дорад, ҳассос шудааст, зуд-зуд мегиряд ва рӯзҳо лаб ба ғизо намезанад. Хоҳараш медонад, ки ин ашкҳо танҳо барои гум шудани Атан нест, ҳамширааш хушбахтиашро гум кардааст. Қатори зиндагиаш, ки ӯро солҳо аз паҳлӯи чаманистонҳо ба водии орзӯҳояш мебурд, якбора аз милҳои роҳи оҳан берун шуд ва ба тӯдаи оҳан табдил ёфт.
Язнааш гоҳ-гоҳ сар мезанад, баъзан хурокворӣ меорад, баъзан ширинӣ, халтаҳоро аз остонаи дар ба хоҳарзанаш медиҳад ва бармегардад. Баъди нопадид шудани Атан аз рӯ ба рӯ шудан бо ҳамсараш истиҳола мекунад. Зан ба хоҳараш гуфт, ки дигар дарро ба рӯи ӯ боз накунад ва халтаҳояшро нагирад.

  • Ман аз гуруснагӣ мемираму ба ғизоҳои овардаи он мард даст намезанам, инро ба он кӯрмеҳрубон бигӯ. Бигӯ, ки агар бори дигар сару каллаш пайдо шавад, халтаҳояшро ба кӯча мепартоям. Бигӯ, агар хаёл дорад, ки гӯшту сабзиву пиёз мақоми ӯро дар ин хона ҳифз мекуанд, иштибоҳ мекунад.
    Ман ӯро ҳамон шаб, ки ҷомадонашро бардошту бо ҳавои арӯси нав пар-парзанон аз хона рафт, дар дилам гӯр кардам.
    Хотироти хуби зиндагии даҳсолаам бо ин мард ҳамроҳи Атан гум шуд.
пешина
аз 473
навбатӣ