Зеҳн
ФАРИШТА ДАР ДӮЗАХ

Хонандаи арҷманд, китобе, ки ҳоло дар даст дорӣ, нахустин роман ва чаҳор ҳикояи журналисти маъруфи тоҷик Соҷидаи Мирзо аст.

Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 473 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Ҳамширааш гирист, хоҳараш сари ӯро навозиш карду гуфт:

  • Ҳамааш хуб мешавад.
    Зан бо ҳусни худод, ақлу заковат, сабурӣ, ҳушмандӣ ва ғурур ҳамеша улгуи хоҳаронаш буд. Онҳо ба шеваи либоспӯшӣ, ороиши мӯй, рафтору гуфтор ва ҳатто тарзи роҳравии ӯ тақлид мекарданд. Ба думболи ӯ ба донишгоҳ дохил шуданд ва ифтихор доштанд, ки зеботарин духтари ноҳия хоҳари онҳост. Хиҷолат кашид, ки хоҳараш ӯро дар ин ҳоли бечорагӣ мебинад. Духтар кунҷковона интизори шунидани ҳодисаи ҷудошавии ҳамширааш буд, аммо ӯ дар ин бора лаб во намекард. Дар бораи сагаш мегуфту мегирист, аммо гӯё шавҳаре дар зиндагиаш вуҷуд надошт.
    Зан баъди гум шудани сагаш одати нав пайдо кард. Дар аккоси ҳар саги раҳгузар садои Атанро мешунид ва дар суроби ҳар саг Атанро медид. Бехобу бетоб шуд. Нимашаб аз хобааш як қад мепарид ва ба назди панҷара медавид, дигар то саҳар хобаш намебурд.
    Рафтори зан, бо бехобиаш, аз паси сагҳо ба кӯча давиданаш, дам ба дарун задану рӯзҳо хомӯш нишастанаш хоҳарашро нигарон кард. Хоҳараш ӯро насиҳат мекард, ки ин қадар васвосӣ нашавад. Инҳо сагҳои велгарданд, ки зуза мезананд ва дар паси панҷараҳои мардум барои худ ғизо меҷӯянд. Зан ин ҳарфро қабул надошт, ӯ мегуфт, ки овози Атанро аз байни даҳҳо садои дигар мешиносад. Хоҳараш духтари бо фаҳм аст, медонад, ки баҳс бо ӯ фоида надорад, аз ин рӯ, ҳар чӣ ҳамширааш бигӯяд, ӯ мегӯяд: “чашм”.
    Шабе аз шабҳо зан аз бистар париду хоҳарашро бедор кард, садои Атанро шунидам гуфт. Хоҳараш курпаро ба сараш кашиду аз ҷой наҷунбид, бечора дар ин чанд рӯз аз кобусҳои ҳамширааш хаста шуда буд. Зан танҳо ба ҳавлӣ баромаду дарро боз кард. Кӯча холӣ буд, панҷараҳои бечароғи хонаҳо мисли косаи чашми кӯр холиву бенур менамуданд. Кӯча хомӯш буду мардум дар хоби ноз. Танҳо дуртар ду сагеро дид, ки бо ҳам ҷафс-ҷафс қадам мезанаданд ва думҳои дарозашон чун гесувони занҳои деҳот ба чапу рост ҳой мерафт.
пешина
аз 473
навбатӣ