ФАРИШТА ДАР ДӮЗАХ

Хонандаи арҷманд, китобе, ки ҳоло дар даст дорӣ, нахустин роман ва чаҳор ҳикояи журналисти маъруфи тоҷик Соҷидаи Мирзо аст.
Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 473 саҳифа
Ҳикоя
Аз аввал хонданСагамро куҷо кардӣ? Ба сараш чӣ бало овардӣ?
-Бахудо қасди баде надоштам, дилам танг шуда буд, медонам, ки Атан барои ту азиз аст, мисли нимаи ту аст, хостам он нима каме бо ман бошад...меёбамаш, қавл медиҳам.
- Ту аҳли қавл нестӣ, ту як инсони сабуки беарзишӣ!
Сагамро пайдо кун, вагарна ман медонаму ту!
Мард гунаҳкорона сар хам кард. Зан ӯро бо ҳамон ҳол гузошту рафт. Либос иваз кард ва худаш ба ҷустуҷӯи саг баромад, зеро ба шавҳараш эътимод надошт.
Ду рӯз аз саҳар то бегоҳ Атанро кофт. Рӯзи аввал чаҳор истгоҳро пиёда то сари бозор рафта, таги пулҳо, назди ошхонаҳо ва маконҳоеро дид, ки сагҳои оворагард ҷамъ мешаванд, аммо нишоне аз Атан набуд. Аз раҳгузарҳо мепурсид, ки оё саги зарди бузургҷуссаро надиданд? Баъзеҳо мегуфтанд, ки ин гуна сагро дар фалон кӯча дидаанд ва зан аз пайи ин тахмин ба ҳамон кӯча мерафт. Рӯзҳои дигар ба кӯчаҳои дуртар ва маҳаллаҳое рафт, ки ҳеҷ гоҳ надида буд, аммо сагашро наёфт. Мардҳои раҳгузар ба ӯ ҳамдардӣ нишон медоданд, нишонаҳои сагро мепурсиданд, вале аз чеҳраи зебо ва думбаву синаҳои дамидаи ӯ чашм намеканданд.
Шавҳараш дигар наомад, сагро пайдо накард, аз шарм ё аз тарс намехост бо ӯ рӯ ба рӯ шавад. Зан монда буду ин хонаи холӣ, ки ҳар сояааш чун шабаҳи деву парӣ буд ва ҷунбиши ҳар буттааш ӯро ба ҳарос меовард. Атан қуввати дили соҳибаш буд, посбонаш буд, зан баъзан фаромӯш мекард, ки дарро қуфл занад, медонист, ки Атан синасипар ӯро ҳимоят мекунад. Ду шаб боз ӯ тамоми чароғҳоро рӯшан мекунад ва тамоми дарҳоро мебандад, аммо аз тарс хобаш намебарад. То омадни хоҳараш лаҳзашуморӣ мекунад.
Хоҳараш қириби бегоҳ расид. Ҳайрон-ҳайрон ба ҳамширааш нигоҳ кард. Он қадар афсурдаву харобу хазон буд, ки агар ӯро дар кӯча медид, намешинохт. Якдигарро бағал карданду бӯсиданд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор