ФАРИШТА ДАР ДӮЗАХ

Хонандаи арҷманд, китобе, ки ҳоло дар даст дорӣ, нахустин роман ва чаҳор ҳикояи журналисти маъруфи тоҷик Соҷидаи Мирзо аст.
Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 473 саҳифа
Дар замин ба шикам зад ва аз ҷой намеҷумбид, ангор, мехкӯб шуда буд. Мард бо хашм тасмаро кашиду занашро ба гӯшае партофт ва Атанро рӯ рӯи обу гил кашон-кашон ба кӯча баровард ва ба курсии ақиби мошинаш партофт.
Саг рафту хона холӣ шуд, хонаи холӣ дар назари зан уллос мекашид. Ӯ дар замин нишасту ба кат такя зад, нола мекард, аммо ашк надошт. Баданаш меларзид. Якандози лаби катро палмосиду мусаккинеро, ки зани ҳамсоя оварда буд, бардошт ва доруро бо дастони ларзон аз байни дандонҳои зиреҳбаста ба ҳалқаш рехт. Дорӯи талх гулӯяшро сӯзонд.
Дарунаш гарм шуд ва гӯё пораи оташро фурӯ бурд.
Ёд надорад чӣ қадар дар рӯи замин нишасту кай хобаш бурд. Ними шаб аз карахтии ҷисмаш бедор шуд, ларза гузашта буд, мусаккин шиддати дарду аламашро кам нишон медод. Нимхобу нимбедор ба хона даромад ва бо ҳамон сару либоси хоколуд дар бистараш дароз кашид.
Саҳар садое дар гӯшаш ҷарангоз зад, саргарангона рӯи бистар нишаст. Намедонист, ки ин чӣ садо аст ва аз куҷо меояд. Мусаккин мағзашро карахт карда буд. Касе занги дарро беист пахш мекард. Зан калавида-калавида ба ҳавлӣ баромад. Он кӣ пушти дар буд, бетоқат шуд ва дарро бо мушт кӯфт.
- Кист он ҷо? - бехолона пурси ӯ.
- Дарро боз кун, - ин садои шавҳараш буд.
- Боз чӣ мехоҳӣ?
- Атан ин ҷост?
Зан дарро боз карду суоломез ба шавҳараш нигоҳ кард. - Атанро дирӯз бурдӣ, имрӯз суроғашро аз ман мегирӣ? Ё барои ба ин ҷо омадан баҳонаҷӯӣ мекунӣ?
- Атан шаб аз хона гурехтаст, кӯчаҳои атрофро кофтам наёфтам, гуфтам шояд пеши ту омада бошад.
- Аз хонаи ту то ин ҷо камаш 10 километр аст, магар ӯ метавонист ба хонаи ман биёяд?

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор