ФАРИШТА ДАР ДӮЗАХ

Хонандаи арҷманд, китобе, ки ҳоло дар даст дорӣ, нахустин роман ва чаҳор ҳикояи журналисти маъруфи тоҷик Соҷидаи Мирзо аст.
Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 473 саҳифа
Ҳикоя
Аз аввал хондан- Маро ёд накардӣ зардак?
Саг, азбаски ташнаи хорумол буд, каме дум ликонду худро боз ба замин партофт.
-Биё боло. – гуфта мард сагро бағал кард. Сару гарданашро хорида, ҳарфҳои ширин гуфт. Саг кайҳо боз чунин роҳат накарда буд. Фукашро рӯи зонуи мард гузошту чашмонашро пӯшид ва гоҳ гоҳ сар баланд мекарду дастони ӯро мелесид. Ин саҳна рӯзҳои осудаи зиндагиро ба ёди саг меовард. Мард тавре рафтор мекард, ки гӯё байни ӯ ва ҳамсараш мушкиле вуҷуд надорад. Ангор, ӯ саҳар кор рафта буду ҳоло баргашта дар канори хонаводааш хастагӣ мебарорад. Ин саҳна занро ба хашм меовард, аламашро тоза мекард, билохира сабраш саромад. - Охири ҳафта хоҳарам меояд, бо модарат биёву талоқатро эълон кун. Агар хаёл кардаӣ, ки бо ин гунгакбозиҳо ҷонат халос мешавад ва рӯз ин ҷо ком мегириву шаб он ҷо шавҳари намунавӣ мешавӣ, иштибоҳ кардаӣ!
Талоқамро надиҳӣ, то қозиёт меравам ва фатво мегирам.
Мард ҳанӯз ҳам бо саг бозӣ мекард, гӯё таҳдиди занашро намешунид, аммо сурх шуда буд, дандон ба дандон месоид ва мушакҳои рӯяш таранг мешуданд. Ӯ чизе нагуфт, сагро сар доду ба сӯи дар рафт, аммо чанд қадам гузошту пас гашту гуфт:
-Атанро бо худ мебарам.
-Сагро куҷо мебарӣ, чаро интиқомҷӯӣ мекунӣ? Ба саг чӣ кор дорӣ? Ӯ бе ман наметавонад, даст нарасон ба ӯ, Атан ин ҷо биё!.
Мард мисли девонаи занҷирканда буд, зориҳои занро намешунид, тасмаро ба гардани саг басту бандро васл кард ва ӯро ба сӯи дар кашид. - Набар сагамро беинсоф.
Саг имдодҷӯёна ба соҳибаш нигоҳ мекард, зан тасмаи сагро қапиду ба тарафи худ кашид, шавҳараш мисли девонаҳо ҳардуро рӯ рӯи хок ба тарфи кӯча бурд. Атан саги нерӯманд аст, ӯ метавонист ҳаллос занад ва мардро аз пой афканад, аммо ин корро накард.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор