Зеҳн
ФАРИШТА ДАР ДӮЗАХ

Хонандаи арҷманд, китобе, ки ҳоло дар даст дорӣ, нахустин роман ва чаҳор ҳикояи журналисти маъруфи тоҷик Соҷидаи Мирзо аст.

Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 473 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Ин тӯлонитарин ҳамхобагӣ дар тӯли даҳ соли ҳамзисташон буд.
Ҳаловат мисли бод гузашту ҷойи онро пушаймониву нафрат гирифт. Зан куртаи даридаашро аз тан берун овард ва бо ахмҳои гирифт аз ҷой баланд шуд. Дар роҳ ба сӯи ҳаммом Атанро дид, ки оромона устухон мехоид. Зан қаҳрашро ба сари саг рехт.
-Ту чӣ посбонӣ, ки соҳибатро таҷовуз мекунанду садоят намебарояд? Ландаҳур, бо ду хору мол дили туро ёфт?! Саг намедонист, чӣ гуноҳ дорад, ки имрӯз соҳибааш бо ӯ номеҳрубонӣ мекунад. Ӯ аз ин шӯхиҳо, ки мард занашро аз ҳавлӣ бардошта ба хонаи хоб мебурд ё базӯр кашола мекард, бисёр дидааст, бечора хаёл кард ин аз ҳамон шӯхиҳост.
Зан ба ҳаммом даромад, сурати худро дар оинаи бақад диду рӯ гардонд, нафраташ омад, аз беиродагии худаш шармаш омад. Шармаш омад, ки аз навозишҳои мард об шуд.
Ӯ ҳафтаҳо оғӯши мардро надида буд.
Оби сарди душ аз сару бар ба байни ронҳои зан шориду тафси ҷисми оташгирифтаашро паст кард. Дар гузашта баъди ишқварзӣ бо шавҳараш, эҳсоси сархушиву саодат мекард, он ишқварзиҳо пур аз меҳрубониву навозиш аммо якранг буданд. Ин ишқбозӣ бо дуруштиву девонагиаш мадҳушкунанда буд. Ӯро аз худ бехуд кард, ангор, руҳашро аз танаш берун кашид ва ба авҷи бехудӣ расонд. Аммо дилаш хиҷил буд. Аз он хиҷолат мекашид, ки тан ба шаҳват супурд ва бо марде ҳамхоба шуд, ки аз танаш бӯи зани дигар меояд.
Амонат дар лаби кати ҳавлӣ нишаст. Мард каме дертар омад. Шармгин буд ва қатраҳои об аз мӯҳои тараш ба сураташ мечакид. Зан фаромӯш карда буд, ки дар ҳаммом сачоқ гузорад ва мард ҳам ҷуръат накард, ки даст ба ҷевон занад. Ҳарду хомӯш буданд, мисли ду ношинос, ки дар торикии шаб дар ҳуҷраи қатори мусофирбар бо ҳам ишқ варзиданд, вале дар рушноӣ наметавонанд ба чашми якдигар нигоҳ кунанд. Мард сари Атанро сила карду гуфт:

пешина
аз 473
навбатӣ