Зеҳн
ФАРИШТА ДАР ДӮЗАХ

Хонандаи арҷманд, китобе, ки ҳоло дар даст дорӣ, нахустин роман ва чаҳор ҳикояи журналисти маъруфи тоҷик Соҷидаи Мирзо аст.

Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 473 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Мард аз занаш чашм намеканд.

  • Хеле лоғар шудаӣ, аммо ба ту мезебад.
  • На ман ва на зебоиам дигар ба ту тааллуқ надорем. Ту ёри дигарӣ, ман моли дигар.
  • Ту моли кии?
  • Моли касе, ки ба қадрам бирасад, нимароҳам накунад, бо ҳама ҳусну қубҳам дӯстам бидорад.
  • Бахубӣ бирав ва ба пушти сарат нигоҳ накун, вагарна ба арӯси нав занг мезанам ва мегӯям, ки шавҳарат чун анкабуд дар гирди хонаи ман тор метанад.
    Мард асабонӣ шуд, на аз таҳдиди телефон ба арӯсаш, ӯро ин суханони зан, ки «ман моли марди дигар мешавам» девона кард, ангор, хун ба сараш зад.
  • Ту бо ман чӣ кардаӣ, ки наметавонам аз ин хона дил биканам? Чаро дилам барои ин ҷо гум мезанад? Гуфтанд зан бигиру бачадор шав, зиндагиат ширинтар мешавад. Чаро комам маззаи ин шириниро эҳсос намекунад? Ту маро ҷоду кардаӣ.
    Мард инро гуфту дасти занро гирифт ва ӯро самти хонаи хоб кашола карду ба тахти хоб тела дод ва худро ба болояш партофт. Лабҳояшро мебӯсид ва дар гӯшаш чизе мегуфт. Зан дар зери бори вазнини ӯ метапиду муқовимат мекард.
    Ашкҳояш аз бари рӯяш ба болин мечакиданд, аммо зӯраш ба ин девонаи аз занҷир раҳида намерасид. Мард ончунон ташна буд, ки ангор мехост ӯро саропо фурӯ барад, гӯё солҳо ҷинси занро надида буд. Куртаро дар танаш пора карду дар байни синаҳои чун шир сафедаш сар ниҳод ва онҳоро бӯиду бӯсид. Гардану синаи зан аз доғҳои сурху кабуд пур мешуд.
    Дастони занро, ки аз беҳолӣ дигар муқовимат намекардан, сар дод, хам шуду аз сар то пояшро бӯсид. Чашмони зан ба нуқтае дар шифти сафед хира шуд ва ҳаловат тамоми ҷисмашро фаро гирифт.
    -Бе ту, ширин, наметавонам, бе ту мемирам. - мегуфт мард. Ҳарду тапиданд ба ҳам печиданд ва бо нолиши баланд дар оғӯши якдигар бехуд шуданд.
пешина
аз 473
навбатӣ