Зеҳн
ФАРИШТА ДАР ДӮЗАХ

Хонандаи арҷманд, китобе, ки ҳоло дар даст дорӣ, нахустин роман ва чаҳор ҳикояи журналисти маъруфи тоҷик Соҷидаи Мирзо аст.

Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 473 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Як саҳар ӯ аз ҳамсоя хост, ки қуфли дарро боз кунад.
-”Бандии Қафқоз” билохира озод мешавад? - шӯхи кард ҳамсоя ва қуфлу калидро ба як гӯшаи ҳавлӣ партофта гуфт, - бигзор аз чашмат дур бошаду он рӯзҳоро ба ёдат наорад.

  • Ман аз шумо миннатдор, ҳамсоя бароям хоҳарӣ кардед, ман зиндагиамро ба шумо мадюнам, намебудед, ба Худо мемурдам. Ҳамсоя ӯро бағал кард, оғӯшаш мисли худаш роҳату ғамзудо буд.
  • Китоби зиндагии ҳар инсон саҳифаҳое дорад, ки хондани онҳо ба ҷуз дард чизи дигаре намеорад. Он саҳифаҳоро бояд пӯшид ва ба оянда нигоҳ кард.
    Зӯҳри рӯзи дигар, вақте гармои тамуз ҳамаро аз ҳавлиҳо ба хонаҳои салқин меронд ва дар атроф ба ҷуз садои қумриҳо, овозе ба гӯш намерасид, зан садои аккоси Атанро шунид. Ӯ садоҳои сагашро аз ёд медонад. Медонад, ки ба сӯи худиву бегона ва гурбаву гунҷишкҳо чӣ тавр аккос мезанад.
    Ин аккоси шодӣ буд, саг одами худиро дидаст. Ба ҳавлӣ баромаду дар ҷояш шах шуд, шавҳарашро дид, ки хам шуда сагро навозиш мекард. Атан дар зери пойи мард ғел мезаду бо банди кафшҳояш бозӣ мекард. Зан аз ғазаб сурх шуд, гӯшаҳои лабаш мепарид.
    -Ту инҷо чӣ кор мекунӣ, - садои зан паст вале пур аз танаффур буд.
    Мард сар набардошт, ҳамоно гӯшу шиками сагро мехорид ва лабханд мезад.
    -Атан ин ҷо биё! - саг аз рӯи замин бархосту ҳайрон ба зан нигоҳ кард. Сарфаҳм намерафт, ки чаро соҳибаш аз ӯ нороҳат аст. Мард хоки шимашро тоза карду аз ҷой бархост.
  • Пурсидам, ки ту ин ҷо чӣ кор мекунӣ?
  • Ҳеҷ, дилам танг шуд, гуфтам шуморо бубинам.
  • Дилат танг шуд? Ҷойе, ки дили тангатро шод мекунанд, ин ҷо нест. Мо дигар бо ҳам нисбате надорем, ман як зани танҳоям, хонаи бемардина омадани шахси бегона хуб нест.
пешина
аз 473
навбатӣ