ФАРИШТА ДАР ДӮЗАХ

Хонандаи арҷманд, китобе, ки ҳоло дар даст дорӣ, нахустин роман ва чаҳор ҳикояи журналисти маъруфи тоҷик Соҷидаи Мирзо аст.
Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 473 саҳифа
Ҳикоя
Аз аввал хонданХаробу хазон, афсурдаву бечора.
-Арӯси нав дорад, шояд шабҳои бехобӣ хастааш кардаанд. - гуфт зан бо садои ношӣ аз дарду ноумедӣ.
Чашмони ҳамсоя танг шуданд, ӯ тасвири чанд лаҳза пеш дидаашро пеши назар меовард.
- Мисли одамҳои хушбахт набуд, - гуфт ӯ хаёломез, - бештар мисли одамҳои шикастхӯрда буд. Бо ҳасрат ба дару деворат нигоҳ кард, ангор мехост онҳоро бибӯсад, шояд пушаймон шудааст?
Суханони ҳамсоя ба ҷони захмхӯрдаи зан чун малҳам мефорид, рӯҳи шикастааш каме болида шуд ва ғурури саркӯбшудааш аз зону бархост.
Рӯзи дигар ҳанӯз субҳ надамида, Атан соҳибашро аз хоб бедор кард. Саг дастонашро рӯи тоқи панҷара гузошта, ба кӯча нигоҳ мекард. Назди панҷара мерафт ва кӯрпаро рӯи соҳибаш мекашид, то ки баланд шавад. - Туро чӣ дард гирифтаст ин саҳар!? Ба панҷара наздик шуду мошини ҳамсарашро дид, ки оҳиста аз назди хонаи онҳо дур мешуд.
Зиёрати хонаи ҳамсари пешин барои ин мард акнун одат мешуд. Ӯ ҳар рӯз меомад ва дурудароз ба дарвоза чашм медухту мерафт. Дили зан бо дидани ӯ меларзид, аммо на мисли ларзаҳои дахшатноки рӯзҳои аввал, ин ларза ноаён буд, мисли таконҳои кӯчактари баъди зилзилаи шадид. Дарди ӯ оҳиста фурӯкаш мекард ва оташи ғазабаш низ паст мешуд.
Ӯ акнун дар бораи зиндагии ояндааш меандешид. То ҳол дар сояи сари шавҳар бе каму костӣ зиндагӣ дошт, акнун бояд ба танҳоӣ одат кунад. Ба хоҳараш «смс» заду гуфт, ки аз шавҳараш ҷудо шуд, аммо хоҳиш кард ба дигарон чизе нагуяд. Хоҳараш қавл дод, ки охири ҳафта меояд.
Аз издивоҷи ҳамсараш як моҳ гузашт. Дар ин як моҳ ҳамсояаш барои ӯ хуб хизмат кард, ғизо мехарид, аз ҳолаш бохабар мешуд, доруву дармонаш мекард. Баъди Атан ягона мӯнису ғамгусораш ҳамин ҳамсоя буд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор