ФАРИШТА ДАР ДӮЗАХ

Хонандаи арҷманд, китобе, ки ҳоло дар даст дорӣ, нахустин роман ва чаҳор ҳикояи журналисти маъруфи тоҷик Соҷидаи Мирзо аст.
Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 473 саҳифа
Ҳикоя
Аз аввал хонданЗан беҳолона ба рӯи бистар нишаст. - ин садои ҳамсараш буд.
- Марди зандор суроғи занашро аз мо мегирад? -ҳамсоя бо зардаву истеза посух дод.
- Не, ҳамту пурсидам, гуфтам, шояд ба шумо чизе гуфта бошад...
- Намедонам, чанд рӯз боз наменамояд, шояд хонаи модараш рафта бошад...
- Атан чӣ? Садояшро намешунавед? - пурсид ӯ бо умед
- Чизе нашунидам, агар мебуд, мешунидам. - гуфт ҳамсоя бо асабоният, ки аз дурӯғи худаш хушаш намеомад.
Мард чанд дақиқаи дигар дар атрофи хона гашт. Худаш намедонист чӣ мекобад. Аз хона чашм намеканд, мисли маллоҳе, ки баъди солҳо баҳрнавардӣ, ба хонааш бармегардад ва аз дидани дару девораш сер намешавад. Мард ин хонаро даҳ сол пеш бо ҳазор орзу барои арӯсаш сохта буд.
Дар гузашта ҳар бор аз сафар меомаду хонаашро аз дур медид, дилаш гум мезад, хона ӯро гарм ба оғӯш мегирифт, занаш гирди сараш парвона мешуд, сагаш меҷаҳиду хез мезад. Дилаш аз ин воқеият, ки акнун на зан ёри ӯст ва на хонаву саг моли ӯ, таҳ кашид. Худро ноҳинҷор ҳис мекард, хаёлаш ҳамсояҳо аз шикофи дарҳояшон ба ӯ чашм медӯзанд ва ӯро нафрин мекунанд. Бо дили нохоҳам аз хона дур шуд, дилаш мехост мисли Атан дар кунҷе ҳалқа бизанаду омадани соҳибашро интизор шавад. - Духтар, куҷои ту? - ҳамсоя аз сари девор овоз баровард,
- рақами телефонатро намедонам, маҷбурам аз усули бобоӣ истифода кунам. - гуфт ӯ бо ханда.
Аввал саг ба берун ҷаҳид, ба думболаш соҳибаш аз хона баромад. Ҳамсоя рангу рӯи занро диду тарсид, мисли заъфарон буд, табхолҳояш сураташро воҳиманок мекарданд. - Чӣ шуд ба ту? Чаро варам кардаӣ? Дору дармоне, чизе кор надорӣ?- пурсид ӯ бо нигаронӣ.
- Чизе нест, каме шамол кашидам...мегузарад - Ҳмм, шавҳарат омада буд, вой, чӣ ҳоле дошт!

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор