Зеҳн
ФАРИШТА ДАР ДӮЗАХ

Хонандаи арҷманд, китобе, ки ҳоло дар даст дорӣ, нахустин роман ва чаҳор ҳикояи журналисти маъруфи тоҷик Соҷидаи Мирзо аст.

Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 473 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан
  • гуфт ҳамсоя бо лабханд. Ӯ аз суоли додааш пушаймон шуда, азми рафтан карду гуфт, ки агар мушкиле пеш омад, аз сари девор садо кунад.
  • Хоҳиш мекунам, ҳодисаи имрӯзаро ба касе нагӯед, намехоҳам ин ҳарфҳо ба гӯши шавҳарам бирасанд. Бигзор зиндагиашро бинад..
  • Нигарон набош, ин роз байни ҳардуи мо мемонад. Дунё чархи гардон аст, кӣ медонад, шояд як рӯзи дигар ту ба доди ман бирасӣ.
    -Худо накунад, ... як хоҳиш дорам, ӯ аз ҷой бархосту як қуфли калонро ба ҳамсоя дод, дарро аз берун қуфл занед ва калидро аз зери дар партоед.
    Ҳамсоя суоломез ба ӯ нигарист.
  • Намехоҳам, ин рӯзҳо касеро бубинам. Пиндоранд, ки ман нестам, дуд шудаму ба осмон рафам, гум шудам.
    Танҳо наметарсӣ?
    -Танҳо нестам, Атан бо ман аст.
    Зан се шабу се рӯз таб кард, дар лабонаш табхол дамид, на тавони аз ҷой баланд шудан дошт на майли ғизо хурдан.
    Гоҳ-гоҳ ба сӯи косаи об, ки дар мизи назди тахти хобаш буд даст дароз мекард. Атан ҳам афсурдаву бемор шуд. Косаи ғизояшро мурғакон талла карданду устухонҳояш бозичаи гурбаҳо гардид. Доллон пур аз порӯи паррандаҳо буд. Сагу зан ҳарду ғамбемор шуданд. Зан дар ғами шӯяш месухт, саг дар ғами соҳибаш. Рӯзи сеюм буд, ки якбора гӯшҳои саг сих шуданд, касе ба қуфли дар даст мезад, гӯё мехост онро боз кунад.
    Атан хост садо баланд кунад, аммо зан ӯро сахт ба оғӯш кашид ва даҳонашро бо дасташ пӯшид.
    Садо зоҳиран хомӯш шуд, аммо занги дари ҳамсоя овоз дод.
  • Ҳамсоя, мебахшед, намедонед оилаи ман куҷост?
    Дарашон баста аст.
пешина
аз 473
навбатӣ