ФАРИШТА ДАР ДӮЗАХ

Хонандаи арҷманд, китобе, ки ҳоло дар даст дорӣ, нахустин роман ва чаҳор ҳикояи журналисти маъруфи тоҷик Соҷидаи Мирзо аст.
Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 473 саҳифа
Ҳикоя
Аз аввал хонданХудо меҳрубон аст, таваккул бар Худо кун. - гуфт ва бо дили нохоҳам тарафи масҷид рафт.
Зан дар такяи ҳамсоя ба рӯи кат хазид ва ба худ печид.
- Худатро ин қадар бой надеҳ, духтар, ту аввалин зане нестӣ, ки шавҳараш ба рӯяш зан меорад. Дунё пур аз ин қиссаҳост, – гуфт ҳамсоя, ки зоҳиран аз қазия огоҳ будаст. Ӯ занро дар рӯи кат хобонду аз хонааш мусаккин овард. Саг аз назди кат дур намешуд, гоҳ фукашро ба пойи соҳибаш мемолид, гоҳ дастонашро мелесид.
-Аҷаб ҷондори вафодоре, - гуфт ҳамсоя, - садоқатро бояд аз ин саг омӯхт. Сагҳои вафодорро дар филмҳо дида будам, боварам намеомад, хаёл мекардам, ки тамрин шудаанд, аммо инро бин, агар забон медошт, таскинат медод.
Чашмони зан аз ашк пур шуд. Ӯ меҳрубонона ба сагаш нигарист. - Барои ман шуда аз кору боратон мондед... Ӯ ҳеҷ намехост, ки ҳамсоя дар бораи шавҳараш ва талоқу никоҳ суол кунад. Ҳамсоя ҳам зиёд кунҷков набуд, шояд ҳодисаро беҳтар аз ӯ медонист.
Ӯ як зани чилсолаи хушсурат аст, ду бачаи 10-12 сола дорад. Аз хонааш ҳамеша садои ханда меояд. Ҳамсараш ҳам шабеҳи худаш аст, чоқу сафедпӯст ва шоду пур аз ханда. Зан бо онҳо зиёд рафтуомад надорад, гоҳ-гоҳ дар кӯча ё маъракаҳо якдигарро мебинанд. - Чаро ба хонаводаат хабар намедиҳӣ? - пурсид ҳамсоя бо эҳтиёт, то мабодо машвараташ чун фузулӣ садо надиҳад. - меомаданд беҳтар буд...
- Ин ҳама роҳ биёянд кӣ чӣ кунанд? Чӣ бигӯям ба онҳо?
Биёед, ки шавҳари ман зани дигар гирифту маро партофт?
Бигӯям, ки номардӣ кард? Бигӯям, ки ман мондаму чор девору ин саг? - ӯ бо овоз гирист. Саг хавотир шуду дубора ба назди соҳибаш омад. - Инро мебинӣ? Аз инсонҳо дида меҳрубонтар аст, ман агар як саги мисли Атан медоштам, дигар касе даркорам набуд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор