ФАРИШТА ДАР ДӮЗАХ

Хонандаи арҷманд, китобе, ки ҳоло дар даст дорӣ, нахустин роман ва чаҳор ҳикояи журналисти маъруфи тоҷик Соҷидаи Мирзо аст.
Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 473 саҳифа
Ҳикоя
Аз аввал хонданХудро ба даст гирифту гуфт: - Биёед ака.
- Раҳмат хоҳар, ҳарфамро ҳамин ҷо мегӯям, ба хонаи бемардина ворид шудани марди бегона хуб нест.
“Хонаи бемардина” чӣ барчаспи шармоваре фикр кард ӯ, яъне хонаи як зани танҳои бадбахт! - Омадам бигӯям, ки бо вуҷуди исрори модаршӯят, хутбаи никоҳи ҳамсаратро нахондам. - гуфт домулло, - ман як арзишҳое дорам, ки ба ҳеҷ ваҷҳ рӯи онҳо по намегузорам.
Мутанаффирам аз онҳое, ки занро озор медиҳанд. Фарзандро Худо ато мекунад, ҳеҷ коре бе ризоияти Худо намешавад, ҳамсарат рафтори ноҷавонмардона кард...
Мавҷи ларза дубора ба зан ҳамлавар шуд, даҳонашро бо дасташ пӯшид то садои ба ҳам бархӯрданашон дандонҳояш баланд нашавад. Домулло бо таассуф лаб газид, дилаш ба ҳоли зан сахт сӯхта зерилаб дуо кард: -Парвардигоро, худат мадад кун. - Медонам бароят мушкил аст... Рашк дарди бедавост.
Вақте Расули акрам (дуруди Худо нисорашон), занеро ба никоҳи худ даровард, ҳамсари дӯстдоштааш Оиша (Худо аз ӯ розӣ бошад), аз рашк ончунон ларзид ки тавони рост истодан надошт ва ба дарахти сафедор такя зад. Дидаӣ, ки сафедор то ҳол меларазад?
Зан ҷавоб надод. Ларзаи танаш он қадар бармало буд, ки доммуло тарсид. Атан наздиктар омад ва ба сӯи домулло дандон гиз кард. Домулло худро ақиб кашид.
-Э бача, рав як пиёла об биёр! - гуфт ӯ ба кӯдакҳое, ки дар канори ҷодда бозӣ мекарданд. Баъди лаҳзае зани ҳамсоя бо косаи об шитобон расид. Ӯ ҳолати занро диду ба рӯяш як панҷа об зад ва маҷбураш кард, ки каме об бинӯшад.
Натавонист, дандонҳояш аз ҳам ҷудо намешуданд. - Домулло, шумо биравед, ман танҳояш намегузорам. - гуфт ҳамсоя. Аммо домулло рафтан намехост, ӯ худро дар он чӣ ба сари зан омад худро муқассир медонист.
- Хоҳари азиз, зиёд ғам нахӯр, ҳоло маълум нест, ки дар қазияи шумо баранда кисту бозанда кӣ?

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор