Зеҳн
ФАРИШТА ДАР ДӮЗАХ

Хонандаи арҷманд, китобе, ки ҳоло дар даст дорӣ, нахустин роман ва чаҳор ҳикояи журналисти маъруфи тоҷик Соҷидаи Мирзо аст.

Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 473 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Чашмонаш дигар ашк надоштанд ва вуҷудаш пур аз рашк буд. Ин тасвир, ки шавҳараш имшаб бо духтари ҷавоне ҳамоғӯш мешавад ва баъди ишқварзии тулонӣ дар канори ҳам хобашон мебарад, ӯро девона мекард: - Ман сӣ сол дорам, ӯ шояд 20-сола ва 10 сол аз ман ҷавонтару зеботар! Ин нахли самаровар баъди 9 моҳ барои ӯ писар мезояд, баъд духтар ва ҳамин тавр як хона кӯдак. Шавҳарам армони солҳои бефарзандиашро дар ӯ мешиканад ва якумр мадюнаш мешавад.
Шояд тани зани ҷавонашро бо тани ман муқоиса мекунад?

Ӯ ба назди оинаи бақад омаду беихтиёр либосашро берун оварду гесӯвони дарозашро боз кард, шаршараи абрешими сиёҳ ба қади баландаш саросер шуд. Тани урёнаш дар рӯшноии чароғи шаб мисли шир нарму сафед буд. Ӯ бо синаҳои дамида, камари борик ронҳои таранг ва думбаи барҷаста муҷассамаи антиқиро мемонд. Зебогиаш он қадар комил буд, ки чизе барои афзудан надошт. Бори аввал ба пайкари худ ҳамчун як харидор нигарист. Зане, ки аз оина ба ӯ нигоҳ мекард мисли меваи расида ширину ҷаззоб буд.
Ногоҳ сагро дид, ки ба ӯ зул мезанад, шарм дошту куртаашро ба сараш кашид. Аз куҷое садои бонги хурӯс ба гӯш расид.
Зан ба тахти хоб дароз кашид, саг дар пойни пойи ӯ.
Бехобиву афсурдагии рӯзҳои ахир ҳардуро ай пой афтонд.
Қарибиҳои зуҳр занги дар садо дод. Зану саг барбар тарафи дар давиданд. Зан мӯъҷизаеро интизор буд, ки шояд ҳамсараш меояду мегӯяд: «- Аз фикрам гаштам, розиам аз ятимхона кӯдак бигирем, бе ту наметавонам, дӯстат медорам». Ӯ ҳам ба пешвозаш оғӯш мекушод ва онҳо то охири умр бо ҳам хушбахтона зиндагӣ мекунанд. Дарро бо аҷала боз карду домуллоро дид. Умедворие, ки дар фосилаи байни хонаи хоб то дами дар чеҳрааш буруз карда буд, нопадид шуд.

пешина
аз 473
навбатӣ