ФАРИШТА ДАР ДӮЗАХ

Хонандаи арҷманд, китобе, ки ҳоло дар даст дорӣ, нахустин роман ва чаҳор ҳикояи журналисти маъруфи тоҷик Соҷидаи Мирзо аст.
Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 473 саҳифа
-Ҷавобамро бидеҳ. - гуфт зан бо садои паст, вале қотеона.
Ӯ номуси латмадидаашро дар мушташ ҷамъ кард ва ашкашро ғазаболуд руфт.
Мард вонамуд кард, ки сухани занашро нашунидаст, аз ҷой бархосту ҷомадонҳояро бардошт.
Атан дар гӯшае ҳалқа зада аз ҳарду чашм намеканд. Ӯ аз рӯи одат баробари мард аз ҷой бархост. Саг ҳамеша бо хонуми хона мардро то дами дар гусел мекард, мард занашро мебӯсиду сари сагро навозиш мекард. Аммо соҳибаш ин дафъа аз ҷой наҷумбид. Атан ҳам аз қасдаш гашт ва ба ҷояш нишаст. Ақли сагонаи ӯ, ки матояшро аз вафодорӣ танидаанд, барои дарки воқеияти зиндагии инсонҳо кӯтоҳӣ мекард. Ӯ танҳо медид, ки зан аз чизе озурда аст ва ин озурдагӣ сагро ҳам нороҳат мекард. Ноаён омаду дар пеши пойи зан, ки дар тахти хоб менишаст, дароз кашид ва фукашро балои пойҳои ӯ гузошт. Меҳрубонии саг хории занро овард ва ӯ фиғон кашиду мушт ба зонувонаш зад. Саг тарсиду уллос кашид.
Саҳар ба маҳзар рафту бо худ хати талоқ овард. “Ақди никоҳ бо хоҳиши тарафайн бекор карда шуд”, - навишта будан дар он пораи коғаз. Зан хати талоқро даҳ бор хонд, ангор, агар ҳар бор бихонад ҳарфи наве дар он изофа мешавад. Аҷаб, як порча коғаз фосилаи байни ӯ ва ҳамсарашро ба андозаи замину осмон аз ҳам дур кард, Гӯё даҳ соли умр хобе буду гузашт Ҳамсарашро бо либоси домодӣ дар паҳлӯи зани дигар тасаввур карду дар дилаш тӯфон хест. Мисли девонаҳо шуд, сар ба девор мезад ва мушт ба сина. Саг дар беруни хонаи хоб аккос мезад ва бо нохунҳояш дарро мехарошид. Зан хеле худро заду кӯфт, то беҳолу нафасгир шуд.
Он шаб мисли сад сол буд, тамомӣ надошт, субҳ намедамид, бонги хурӯс баланд намешуд ситораҳо, ангор, дар осмон часпида буданд. Ба худ мегуфт, Худоё, чаро мурдан дар ихтиёри инсон нест, ки дароз бикашиву чашмонатро бипӯшӣ ва то сад бишмарӣ ва дигар барнахезӣ?

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор