Зеҳн
ФАРИШТА ДАР ДӮЗАХ

Хонандаи арҷманд, китобе, ки ҳоло дар даст дорӣ, нахустин роман ва чаҳор ҳикояи журналисти маъруфи тоҷик Соҷидаи Мирзо аст.

Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 473 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Мард либосҳояшонро дар ҷомадон гузошту занҷирашро баст ва аз болои ҷевон ҷомадони дигарро бардошт.
-Ту зиндагӣ кун мисли дигарон.

  • Мисли дигарон? Дигарон киҳоянд? Занҳои матрука?
    …
  • Инро бояд бипазирӣ, ки зиндагии мо танҳо марбути худамон нест. Агар ин кор ҳоло намешуд, даҳ сол баъди дигар мешуд, моро билохира аз ҳам ҷудо мекарданд. Ту медонӣ, ки хонаводаам барои ман чӣ қадар муҳим аст ва наметавонам рӯи ҳарфи онҳо по гузорам... Арӯсро ҳам интихоб кардаанд, вале намедонам кӣ аст? Надидамаш, гуфтанд, ки фардо маросими никоҳ аст..
    Гӯшҳои зан маҳкам шуданд, гӯё хоб буду кобус медид. Ӯ ҳамеша ба наҷобати ҳамсараш бовар дошт ва гоҳо ба худ мегуфт, чӣ тавр аз ин модари бераҳм ин қадар писари наҷиб ба дунё омадаст. Дилаш мехост занҷири ҷомадонро боз кунад ва либосҳоро берун оварад, бигӯяд: - Нарав, ман бе ту мемирам. Аммо чеҳраи сарду сангини ҳамсарашро диду фаҳмид, ки қисса тамом шудааст, дигар на зорӣ фоид дорад, на зӯрӣ. Лаб фурӯ басту дар гӯшаи тахти хоб нишаст ва сураташро бо дастонаш пӯшонд. Гӯиё ҷон аз танаш мерафт.
  • Бояд саҳар якҷо ба идораи ЗАГС равем ва хати талоқ бигирем, мо фарзанд надорем, мушкиле пеш намеояд. Омода шав, якҷо меравем. - мард инро гуфту аз пеши оина тамоми атрҳояшро бардошт ва боэҳтиёт ба ҷомадон гузошт. Баъд ба ҳаммом рафту ришгираку мисвокашро гирифт. Хеле бепарво буд ё вонамуд мекард, ки бепарво аст.
    Ҳиқ-ҳиқи гиряи ҳамсараш ӯро асабӣ мекард. Мехост ин саҳна зуд хотима ёбад. Дил канданаш аз ин чеҳраи маъсуму зебо осон набуд. Дар тӯли даҳ соли зиндагӣ аз ин зан он қадар ишқу дӯстдорӣ дид, ки ҳар ҷо мерафт тахти хобашро пазмон мешуд. Он қадар қадар ҳурмату эҳтиром дид, ки эътибораш дар назари худаш баланд шуд. Дарк мекард, ки рафтораш беинсофӣ аст ва тавҷеҳ кардани ин рафтор бо безурётии зан, амали бештар аз беинсофӣ.
пешина
аз 473
навбатӣ