ФАРИШТА ДАР ДӮЗАХ

Хонандаи арҷманд, китобе, ки ҳоло дар даст дорӣ, нахустин роман ва чаҳор ҳикояи журналисти маъруфи тоҷик Соҷидаи Мирзо аст.
Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 473 саҳифа
Ҳикоя
Аз аввал хонданМарди хона нимашаб баргашт. Нигоҳи чашмони имдодҷӯи зан ба сӯяш дӯхта шуд. Ба худ мегуфт: “Эй кош, модаршӯям дурӯғ гуфта бошад. Эй кош, ҳамсарам ин ҳамаро рад кунад, маро ба оғӯш бигирад аз лабонам бибӯсад ва бигӯяд, ки ман туро ба ҳеҷ зани дунё иваз намекунам, эй кош.” Аммо чашмони ҳамсарашро диду ноумед шуд. Нигоҳаш бегона буд, нур надошт. Аз ин чашмон сардии зимистон мевазид ва мағз-мағзи ҷони занро ба ларза меовард. Мард ба хонаи хоб даромаду аз ҷевон либосҳояшро бардошт.
- Куҷо меравӣ?
Мард хомушона либосҳояшро ҷамъ мекард, гӯё суоли занашро нашунид. - Маро дар нимароҳ танҳо мегузорӣ? Ба ҳамин осонӣ? - гиря гулӯяшро сӯзонд.
Мард абрӯ чин кард, мехост ин гуфтугӯ аслан оғоз нашавад, бе ҳарфу калом ва азоби виҷдон биравад.
- Ту дидӣ, ки ман даҳ сол таҳаммул кардам, бештар ҳам таҳаммул мекардам, аммо аз гапи мардум хаста шудам.
Модарам ҳам набера мехоҳад. Насиб набудаст, чӣ кор кунем, баъдан туро дар биёбон намегузорам. Ӯ аз ҷайбаш коғазеро берун кашиду ба зан дароз кард. - Ма бигир, ин хона моли туст ва ин ҳам санадаш. Бароят пули кофӣ медиҳам, рӯзгорат аз пештара фарқ намекунад.
Зан гӯё намешунид, на ҳадя барояш аҳаммият дошт на пулу мол. - Гуфта будӣ, ғам нахӯрам, агар фарзанддор нашудем, аз ятимхона бача мегирем. Чаро дар қавлат устувор нестӣ?
- Оре, гуфта будам, аммо хешу табор ҷамъ шуданду ба ҳамин қарор расиданд...
- Ба чӣ қарор?
- Ба қароре, ки фарзанд аз бари худам бошад...
- Ман чӣ кор кунам?

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор