Зеҳн
ФАРИШТА ДАР ДӮЗАХ

Хонандаи арҷманд, китобе, ки ҳоло дар даст дорӣ, нахустин роман ва чаҳор ҳикояи журналисти маъруфи тоҷик Соҷидаи Мирзо аст.

Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 473 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Домулло чизе гуфтанӣ шуд, вале модарарӯс ҳарфашро бурид.

  • Талоқат медиҳад, дигар илоҷ надорад, дар ин солу замон магар бо ду зан мешавад зиндагӣ кард? Ҷавобгарӣ дорад! Калонтарҳоятро занг зан, биёянд, никоҳу талоқ шоҳид мехоҳад. - кампир тараҳҳум надошт, сарнавишти келинашро бераҳмона валангор мекард.
  • Бо зани дигар? Чаро худаш наомад ин ҳарфҳоро ошкоро бигӯяд?
  • Худаш кор дорад, рӯзи ҷумъа маросими никоҳ аст.
    Хостем огоҳат кунем, то ин хабарро аз даҳони мардум нашунавӣ. - гуфт модаршӯ ва аз ҷой бархост.
    Домулло норозиёна сар ҷунбонд, ботараҳҳум ба сӯи зан нигоҳе карду аз паси ҳамроҳаш берун баромад.
    Саг аз ақиби меҳмонҳо аккос мезад ва ба соҳибаш гардан намедод. Касе то ҳол ӯро чунин хашмгин надида буд. Агар зан тасмаи гарданашро намекашид, модаршӯро хом мехӯрд.
    Ӯ сагро кашон-кашон то пояи кат овард ва худашро ба замин партофт. Атан дар гирдаш чарх мезад, гӯё девона шуда буд.
    Гоҳ манъ мешуду дастони соҳибашро мелесид, гоҳ бо сараш ӯро теле медод, ки бархезад. Забонаш як қулоч аз даҳонаш берун шуда, ба атроф туф мепошид. Аз зеҳни зан сад фикр мегузашт. Яке дигареро босуръат иваз мекард, аммо пучу холӣ буданд, мазмун надоштанд. Дар байни андешаҳои пучи зудгузар чеҳраи домуллоро медид ва сурати сурхшудаи модаршӯяшро, ки лабҳояшон меҷунбид, вале овоз надоштанд. Онҳо низ пучу бемазмун буданд.
    Саг ниҳоят ором гирифту гунаҳкорона дар паҳлуи соҳибаш нишаст. Шояд фикр кард, ки соҳибаш аз рафтори ӯ нороҳат аст. Аммо зан дар ботлоқи мушкилоти худ фурӯ мерафт ва худро танҳотарин ва бадбахтарин зани дунё медид.
    Ҳаво тира мешуду ҳеҷ рӯшноие дар ғори бетаги бадбахтиаш ба назар намерасид.
пешина
аз 473
навбатӣ