ФАРИШТА ДАР ДӮЗАХ

Хонандаи арҷманд, китобе, ки ҳоло дар даст дорӣ, нахустин роман ва чаҳор ҳикояи журналисти маъруфи тоҷик Соҷидаи Мирзо аст.
Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 473 саҳифа
Ҳикоя
Аз аввал хонданАммо насиб набудаст. Ҳамсарат одами боинсоф аст, хеле таҳаммул кард. Даҳ сол фурсати каме нест ... баъзе мардҳо дар ду сол ҷавоби занашонро медиҳанд...
Ҳарфҳои дигари домулло ба гӯши зан надаромаданд ва гӯшҳояш қуфл заданд. Фақат медид, ки лабҳои домулло меҷунбанд.
Ин дам садои ҷарангосии модаршӯяш баланд шуд, зан як қад парид, гӯё мағзашро барқ зад.
-Зани бефарзанд мисли дарахти беҳосил аст, сад нигоҳубин кунӣ, мева намеорад Чӣ бепарда ва бераҳмона гуфт, хушдоманаш! Гӯё ба ҷигараш ханҷар зад.
- Писарам ҳақ дорад, ки падар шавад, бо ту нашуд, бо каси дигар бахташро бинад.
Зан сураташро бо дастонаш пӯшонд. Саги зард, ки то ҳол гоҳ ба мулло нигоҳ мекарду гоҳ ба модарарӯси соҳибаш, якбора хашгинона ба сӯи модаршӯи зан ғуррос зад ва дандон нишон дод.
-Дафъ кун сагатро! - гуфт кампир бо ғазаб, – аз сагбозӣ дида фарзанд мезоидӣ, ҳолу рӯзамон ин намешуд. Писарамро дар назди дӯсту душман сарпаст кардӣ. Домулло, ин қадар ҳошия наравед ва асли мақсадро бигӯед. Гов нест, худаш мефаҳмад, ки масъала чӣ аст. - гуфт ӯ, дар ҳоле ки сурх шуда буд ва аз чашмонаш алов мепарид.
Зан дастонашро аз сураташ бардошту ҳаросон ба домулло нигоҳ кард. Рангаш дар як они воҳид зард шуд, ангор, бемори чандинсола буд.
Мулло ҳоли ӯро пай бурд ва нутқи модаршӯро бо ишораи даст қатъ кард. - Хоҳар, ту зани боақлӣ, медонистӣ, ки ин пешомад як рӯз не, як рӯз иттифоқ меафтад. Медонам сахт аст, аммо чӣ илоҷ...
- Талоқам медиҳад? - ниҳоят пурсид зан дар ҳоле, ки садояш меларзид.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор