Зеҳн
ФАРИШТА ДАР ДӮЗАХ

Хонандаи арҷманд, китобе, ки ҳоло дар даст дорӣ, нахустин роман ва чаҳор ҳикояи журналисти маъруфи тоҷик Соҷидаи Мирзо аст.

Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 473 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Мулло бо мисол аз ҳадису Қуръон хабарро тавре расонд, ки падару модари шӯрбахт девона нашуданд ва ба тақдир тан доданд.

  • Бишин хоҳар, мо чойи хонаи шуморо бисёр худаем. - бо садои нарм оғоз кард ӯ. Аз ин садо ба тани зан рашъа дамид.
  • Ман бо рисолате омадам, ки барои худам хушоянд нест, аммо ба ҳурмати рӯҳи худораҳматии падаршӯят, ки рафиқи мо буд, ҳарфи ин хонаводаро ба замин нагузоштам.
    Намедонам аз чӣ сар кунам ва матлабро чӣ тавр баён кунам, ки дилат озурда нашавад.
    Домулло ҳар ҷумлашро дар тарозуи эҳтиёт бармекашиду баъд ба забон меовард. Модаршӯяш аз ҳошияравии домулло бетоқат шуда, овоз рӯшан мекард. Пешонаи домуллои хушлибос, ки саллаи сафедашро ба шеваи рӯҳониҳои замонавӣ, болотар аз ҷабин гузошта буд, пурчин шуд.
    Донаҳои арақ аз пешонааш ба абрӯвони сермӯяш ва мижаҳояш чакид. Ӯ зуд-зуд мижа мезад. “Ин чӣ рисолат аст, ки муллои таҳсилкардае чун туро дар обу арақ тар кард?” ин суол бо ҳарос аз зеҳни зан гузашт. Домулло рӯймолчаеро аз ҷайбаш берун оварду ҷабинашро пок кард ва нарм-нарм ба гуфтор даромад.
  • Хоҳари азиз, дунё пастиву баландӣ ва беадолатӣ зиёд дорад. Гоҳо мешавад, ки инсон ба хостаҳояш намерасад ва аз худу Худо норозӣ мешавад. Аммо мутмаин бош, ки ҳеҷ кори Парвардигор бе ҳикмат нест. Агар як даре ба рӯи инсон пӯшида шавад, Парвардигор дарҳои дигарро ба рӯи ӯ боз мекунад.
    Аз лаҳзаи ворид шуданаш ба хона модаршӯяш боре ҳам ба тарафи келинаш нигоҳ накард. Шояд рӯяш месӯхт, зеро даҳ сол нону намаки якдигарро хӯрданд. Ӯ сар такон медод ва ҳарфҳои муллоро тасдиқ мекард, гоҳо дилаш танг мешуду мехост ба ҳарфҳои ӯ чизе илова кунад.
  • Хутбаи никоҳи шуморо худам хонда будам, -идома дод домулло, - орзу доштам, ки бо ҳам ба пирӣ бираседу соҳиби бачаҳои бисёр шавед.
пешина
аз 473
навбатӣ