ФАРИШТА ДАР ДӮЗАХ

Хонандаи арҷманд, китобе, ки ҳоло дар даст дорӣ, нахустин роман ва чаҳор ҳикояи журналисти маъруфи тоҷик Соҷидаи Мирзо аст.
Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 473 саҳифа
Бо дастмоле, ки аз ошхона дар китфаш оварда буд, беназм чангҳои мошинро гаштаву баргашта пок кард, он қадар пок кард, ки аз тозагӣ барқ мезад. Ин дам овози шавҳараш баланд шуд, ки гуфт: -Ман чой наменӯшам, кор дорам. Садои пӯшидани дарвоза ба гӯш расид. Зану саг аз таҳхона берун шуданд.
Ларзиши баданаш фурӯкаш кард, аммо сахт парешон буд.
Дастонаш аз рӯи одат ҳаракат мекарданд ва дастархон меғундошт, аммо зеҳнаш гуфтугӯи телефонии шавҳарашро такрори ба такрор тоб медод. Чой дар пиёла сард шуда, рӯи шир қаймоқ гирифта буд.
Намедонист рӯзро чӣ тавр кӯр кунад. Аз кор баргаштани шавҳарашро ҳамеша бесаброна интизор мешуд, аммо ҳоло аз рӯ ба рӯ шудан бо ӯ метарсид. Ӯ аз шунидани ҳукме, ки ба дафтари зиндагиаш муҳри ботил мезанад дар ҳарос буд. Саг ҳам қарор надошт ва аз саҳар об дар даҳан нагирифт. Ҳатто ба гурбаи ҳамсоя, ки устухонҳои дӯстдоштаи ӯро мехоид, нимнигоҳе накард. Нороҳатии соҳибаш равони сагро озурда мекард.
Бо наздик шудани соати бозгашти шавҳараш танаш дубора ба ларза даромада, нафасаш мегашт. Ба назди панҷара нарафт, метарсид: -Худоё раҳм кун ба ҳоли ман. - мегуфт бечораҳолона.
Соат наздики шаш буд, ки дари ҳавлӣ боз шуду модаршӯяш бо домуллои маҳалла ба ҳавлӣ даромад. Мулло бо эҳтиром гуфт: - Хуб ҳастед, келин? Модаршӯяш, ангор, азми ҷанг дошт ва ба саломи келинаш ҷавоб надод. Зан худро гум кард ва дилаш аз тарс меларзид. Бо ин ҳол болишту кӯрпача овард ва меҳмонҳоро ба нишастан даъват кард. Хост дастархон боз кунад, аммо домулло бо ишораи даст манъаш кард. Муллои маҳалла пир нест. Ҳудудан 40-45 сол дорад, аммо шахси обрӯманд аст ва бисёр вақт дар қазияҳои печида дахил мешавад. Соли гузашта мурдаи писари ҳамсояро аз Русия оварданд, касе ҷуръат накард ин хабарро ба волидонаш расонад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор