ФАРИШТА ДАР ДӮЗАХ

Хонандаи арҷманд, китобе, ки ҳоло дар даст дорӣ, нахустин роман ва чаҳор ҳикояи журналисти маъруфи тоҷик Соҷидаи Мирзо аст.
Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 473 саҳифа
Ҳикоя
Аз аввал хонданСаг аз оҳу воҳи соҳибаш, ки ангуштҳои сӯхтаашро пуф мекард, бедор шуд ва ба назди ӯ омад. Меҳрубонии саг занро ба риққат овард.
- Зиқ нашав ҷонам, агар аз ин хона берунам карданд, куҷое рафтам, туро бо худ мебарам, ту азизи манӣ, медонӣ?
Ман оромишамро дар ин хона бо ту дарёфтам, мадюни туям.
Гӯшҳои саг сих шуданд, ӯ сарашро ба домани соҳибаш молид.
-Ту бало, забони маро мефаҳмӣ!- гуфту сагро бағал кард.
Субҳ пура дамиду ҳавлӣ пур аз садои мурғакон шуд. Зан косаи ширро рӯи дастархон гузошту рафт то ҳамсарашро бедор кунад. Аз дами дар овозашро шунид, ки асабонӣ бо касе телефонӣ гап мезад. - Гуфтам, ки имрӯз мегӯям! Як ҳарфро чанд бор такрор кардан мумкин? Монед фишор наоред ба ман, бе ин ҳам ҳолам хуб нест. Ӯ саг нест, ки аз дасташ бигираму берун андозам, инсоф ҳам чизи хуб аст оча!? - гуфту телефонро ба тахти хоб партофт. Ҳамааш дар як сония ба зан маълум шуд.
Имрӯз ё фардо ҷавобашро медиҳад. Танашро ларза фаро гирифт. Ҳар як узви баданаш алоҳида меларзид. Дилаш, ҷигараш, рӯдаҳояш, дандонҳояш ба ҳам бархӯрда садо медоданд ва ҳатто қабзаи мӯяш, ки ба рӯяш афтода буд, меларзид. Ба таҳхона давид, то шавҳараш ӯро бо ин ҳол набинад ва нафаҳмад, ки ҳарфҳояшро шунидаст. Саг ҳам аз паси соҳибаш ба таҳхона даромад.
Зан дари таҳхонаро пӯшиду хост занҷиро ба ҳалқаи дар андозад, аммо ангуштонаш ба ӯ итотат накарданд. Дарақдарақ меларзид ва дастонаш гӯё аз ихтиёри ӯ берун буданд.
Намедонист худро чӣ гуна ором кунад. Таҳхонаи хурд ҷойи гаштугузор надошт. Зан наметавонист дар як ҷо қарор бигирад. Гӯш ба овоз буд, ки шавҳараш кай “як дақиқа ин ҷо биё” мегӯяд. Оҳ, метарсид аз ин даъват! Дар торикӣ ба мизи кунҷи таҳхона такя кард ва чизе ба думбааш халид. Мошини хайётиашро дид, ки дар зери чангу хок чун бозёфти таърихӣ танҳо суробаш менамуд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор