Зеҳн
ФАРИШТА ДАР ДӮЗАХ

Хонандаи арҷманд, китобе, ки ҳоло дар даст дорӣ, нахустин роман ва чаҳор ҳикояи журналисти маъруфи тоҷик Соҷидаи Мирзо аст.

Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 473 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Мард ӯро канор мегирад ва сарашро сила мекунад.

  • Ба косаи ғизоят лаб назадӣ, соҳибатро ёд кардӣ-а? - мегӯяд. Ин меҳрубониҳо маҳзунии сагро кам намекунад ва ӯ шаби дароз паст-паст зуза мекашад. Дидори дубораи зан барои саг мисли таваллуди дигар аст. Ӯ аз хушбахтӣ он қадар ба қади соҳибаш меҷаҳаду пойҳояшро мелесад, ки ангор, ҳеҷ гоҳ сер намешавад. Мехоҳад аз доманаш бигираду ӯро дигар дигар сар надиҳад.
    Зан ҳам Атанро пазмон мешавад, баробари расидан ӯро ба оғӯш мегирад. Вазни саг ҳардуро меафтонад, ба замин ғел мезананду механданд.
  • Атан, ту дигар бузург шудаӣ, дар бағали ман намеғунҷӣ.
    Пӯстат ҳам касиф шудааст, биё, саратро бишӯем. - мегӯяд зан. Саг оббозиро дӯст намедорад. Чашмонаш аз кафки собун месӯзанд, аммо ҳар амри соҳибашро мутеона иҷро мекунад.
    Баъд зан машғули кор мешаваду саг дар гӯшае бо ҳавас ба ӯ менигарад. Зан дилтангии сагро бо тамоми вуҷудаш эҳсос мекунад.
  • Аз ман дилхурӣ, ки танҳоят мегузорам? Охир дилам барои модарам танг шуда буд, ӯ ҳам маро мисли ту дӯст медорад. Дар як сол як бор мебинамаш. Пир шудааст ва мехост бимонам, магар мешавад? Ман ин ҷо ҳамсарамро дорам, ки аз ҷонам бештар дӯсташ медорам ва туро дорам, ки аз ҷонат бештар дӯстам медорӣ... Модари ту куҷо бошад?
    Шояд дили ӯ ҳам бароят танг шудааст?
    Шир баланд шуду аз дег сар рафт. Зан саросемавор дегро як тараф кашид ва дасташ сӯхт. Рӯзҳои ахир фикру хаёлаш ӯро ба ким куҷоҳо мебарад ва бисёр вақт ё равғанро месӯзонад ё ғизоро. Як эҳсоси мағшуш дорад, мисли эҳсоси беморони маҳкум ба марг, ки ҳар рӯз ӯро ба охири хат наздиктар мекунад. Зиндагиаш мисли ҳавои пеш аз тӯфон аст. Осмонаш тираву тор, абрҳояш обистани ҳавзҳои об ва ғурриши тундар.
пешина
аз 473
навбатӣ