Зеҳн
ФАРИШТА ДАР ДӮЗАХ

Хонандаи арҷманд, китобе, ки ҳоло дар даст дорӣ, нахустин роман ва чаҳор ҳикояи журналисти маъруфи тоҷик Соҷидаи Мирзо аст.

Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 473 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Андешаҳои занро садои тақ-тақи дар баҳам зад.

  • Апа шир мегирен? - аз паси дар садои духтараки ширфурӯш баланд шуд, ки ҳар субҳ аз ноҳияи атрофи шаҳр пиёдаву савора барои муштариёнаш ширу ҷурғот меорад.
    -Мегирам, як лаҳза бош! - гуфту аз ҳамёнаш пул бардошт ва дарро боз кард. Духтар ширро бо эҳтиёт ба зарф рехт.
    Ӯ ин духтаракро бори аввал панҷ сол пеш дид. Он вақт ӯ навраси 15-сола буд ва ҳоло мисли дарахти бодом шукуфтаву зебо шудааст. Хеле духтари хушрӯву ширин аст. Рӯъёҳояш низ мисли худаш содаву заминиянд. Аз зиндагӣ таваққуи зиёд надорад, ба ҷуз либоси арӯсии зебо ва як ҳамсар хуб. Ӯ боре ду рӯз наомад. Мегуфт:
  • Дугонааш издивоҷ кард, куртаи зебои арӯсӣ пӯшид ва ба сараш тоҷ гузошт, шаби тӯй даҳ хел либос пӯшид, яке аз дигаре зеботар буд, баъд бо домод дар пояи ҳайкале гул гузоштанд ва акси бисёр гирифтанд, хеле хурсандӣ кардем.
    Зан пурсид: - Домод кӣ буд?
    Гуфт: - Намедонам, арӯс ҳам уро намедонист, кадом ҷавоне аз деҳаи ҳамсоя.
    Зан гоҳо фикр мекунад, ки барои он духтар либоси сафеду тоҷи арӯсӣ ва гулгузорӣ бар пояи муҷассама аз кӣ будани ҳамсари ояндааш муҳимтар будааст.
    Зан зарфи ширро ба ошхона бурд то барои ҳамсараш субҳона омода кунад. Саг тамоми субҳ ба думболаш мегашт.
    Сари сагашро сила кард.
  • Ту куҷо меоӣ, чаро намехобӣ, маро ғусса хобидан намемонад, ту чӣ дард дорӣ?
    Саг дум ликонд ва дуртар аз ӯ дар гӯшае ҳалқа зад, бе соҳибаш хобаш намебарад, ҳоло чашмони асалияш оҳиста пӯшида мешаванд.
    Сахттарин рӯзҳои саг дар ин хонадон рӯзҳоеянд, ки зан барои ду-се ҳафта ба дидорбинии хешонаш ба ноҳияи дур меравад. Дар чунин рӯзҳо ҳавлӣ барои саг тангӣ мекунад, ӯ гоҳ дар як гӯша ҳалқа мезанад, гоҳ дар гӯшаи дигар, то бегоҳ, то аз кор баргаштани марди хона, тамоми ҳавлиро пай мезанад.
пешина
аз 473
навбатӣ