Зеҳн
ФАРИШТА ДАР ДӮЗАХ

Хонандаи арҷманд, китобе, ки ҳоло дар даст дорӣ, нахустин роман ва чаҳор ҳикояи журналисти маъруфи тоҷик Соҷидаи Мирзо аст.

Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 473 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Дар ин панҷ сол саг ба андозаи як гӯсфанд бузург шуд.
Ҷуссаи калони махмалинаш на танҳо ношиносҳо, баъзан худиҳоро низ метарсонд. Пӯсти зарди омехта ба қирмизаш дар офтоб медурахшад ва чашмонаш вобаста ба рӯҳияаш ранг иваз мекунанд: ҳангоми шодӣ ранги асалӣ ва дар маҳзунӣ намуди қаҳваи сиёҳ мегиранд. Ӯ бо дигарон аз зовияи рафтори соҳибаш муносибат мекунад. Агар зан аз омадани меҳмоне шод шавад, саг ҳам ба он одам меҳрубонӣ нишон медиҳад, дум меликонад. Агар зан қошу қавоқ кунад, саг нигарон мешавад, ба кунҷе мераваду чашмашро аз меҳмон намеканад.
Бо зан он чунон меҳрубон аст, ки ҳар бор сарашро сила кунад, ҳаваси бозияш мегирад ва мисли кӯдак шодӣ мекунаду худро ба замин мепартояд. Дастонашро дар пойи зан ҳалқа мекунад ва намегузорад, ки ӯ аз ҷой биҷумбад.
Марди хона аз кор меояду занаш аз хурдсанди гул-гул мешукуфад, саг дуртар меравад ва аз онҳо чашм намеканад.
Нигоҳаш саршори садоқат аст. Занро бештар дӯст медорад.
Мардро низ ба хотири муҳаббате, ки зан ба ӯ дорад, эҳтиром мегузорад.
Ҳамсараш боре бо шӯхӣ занашро ба “куштӣ” кашид, саг девона шуд ва ба рӯи марди хона парид. Агар зан ӯро намекашид, яқин дасташро гоз мегирифт. Мард аз ин рафтори саг озурда нашуд ва гуфт:

  • Атан аз авлоди сагҳои олмонӣ аст, ки як умр ба соҳибони худ вафодор мемонанд ва барои наҷоти онҳо худро ба обу оташ мезананд.
    Атан бо ин ҷуссаи бузург дили нарме дорад. Зан ба мусиқиҳои орому ғамангез бартарӣ медиҳад. Ин оҳангҳо бо рӯҳияи солҳои ахираш созгоранд. Саг мусиқиҳои писандидаи соҳибашро аз ёд медонад. Ҳар бор таронаи ошно садо диҳад гӯшҳояш сих мешаванд, баъд фукашро болои дастонаш мегузорад ва бо чашмонаш маҳзун ба дуриҳо менигарад.
    Зану саг бо ҳам робитаи отифӣ доранд ва ҳолати равонии зан рӯи саг таъсири амиқ мегузорад.
пешина
аз 473
навбатӣ