ФАРИШТА ДАР ДӮЗАХ

Хонандаи арҷманд, китобе, ки ҳоло дар даст дорӣ, нахустин роман ва чаҳор ҳикояи журналисти маъруфи тоҷик Соҷидаи Мирзо аст.
Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 473 саҳифа
Дар ҳузури мард ҳалқа мезанаду мехобад, аммо бо зан эҳсоси амният мекунад, дасту пояшро мисли бачаи одам ба чор тараф мепартояду ба пӯшт мехобад. Қарибиҳои бегоҳ зан даҳҳо бор аз панҷара ба берун нигоҳ мекунад, то омадани ҳамсарашро бубинад. Саг ҳам ин амалро ҳар бор такрор мекунад, ду дасташро дар пештоқи панҷара мегузорад ва сӯи роҳи калон чашм медӯзад.
Ҳар бор зан ғизо омода кунад, саг чун таҷрибаомӯзи боҳавсала ягон ҳаракати дасти занро аз мадди назар дур намекунад. Нигоҳаш аз думболи дастони соҳибаш ба сӯи табақу коса меравад, ба сӯи яхчол ба сӯи деги ғизо. Ноаён дар кунҷе менишинад, то зери пойи соҳибаш напечад ва аз ошхона берунаш накунад.
Зан дарунитарин рӯъёҳояшро ба сагаш мегӯяд:
- Худо хоста бошад, духтари кучулуе ба дунё меорам, айни бачагиҳои ту – таннозу ширин. Номашро Суман мегузорам, дар радифи Атан. Барояш беҳтарин куртаҳоро медӯзам. Мӯйҳои фир-фириашро бо гулҳо оро медиҳам.
Мардум ӯро мебинанду даҳонашон аз ҳайрат боз мешавад.
Баъд роҳрав мешаваду туро саворӣ мекунад, аз гӯшҳоят мекашад. Иҷозат медиҳӣ, ки духтари ман туро савор шавад?
Саг сарашро каҷ мекунад ва ба ҳарфҳои соҳибаш бодиққат гӯш медиҳад. Гӯшҳояш сих мешаванд ва садоҳои аҷиб дармеорад, гӯё ҳарфи соҳибашро мефаҳмад. Ин суҳбатҳо ба саг мефоранд.
Вақте зану шавҳар ба хонаи хоб мегузаранд, саг пушти дар оромиши онҳоро посбонӣ мекунад. На гурбаро ба долон роҳ медиҳад, на ягон паррандаро. Устухонро дӯст медорад, бо устухон бозӣ мекунад. Ҳар бор зан маъюс шавад, саг азизтарин молаш – устухонро ба пеши пойи ӯ мегузораду худаш дуртар меравад. Ғамхории саг занро мутаассир мекунад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор