ФАРИШТА ДАР ДӮЗАХ

Хонандаи арҷманд, китобе, ки ҳоло дар даст дорӣ, нахустин роман ва чаҳор ҳикояи журналисти маъруфи тоҷик Соҷидаи Мирзо аст.
Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 473 саҳифа
Ҳикоя
Аз аввал хонданПӯсти зарди омехта ба қирмиз дошт, мисли бахмал нарм буд, чунон хурд буд, ки дар кафи даст меғунҷид. Тифлак, ки онро аз пистони модар канда буданд, фуки кӯчакашро ҳар тараф тоб медоду сина мекофт.
Шавҳараш гуфт:
- Инро бубин, чӣ қадар ширин аст, мисли бачаи одам, дастатро боз куну бигираш. Ӯ қасди баде надошт, танҳо мехост занашро каме ҳам бошад, аз ғуссаи бефарзандӣ раҳо кунад.
Зан бачаи сагро ба даст гирифту ба лабонаш наздик овард. Кучуки гурусна лабони ӯро бо забони кӯчакаш лесид.
Дили зан гум зад. Дарҳол аз пайи шишаву пистонак шуд, то ба ҳалқаш шир бирезад. Ӯ акнун машғулият ёфта буд, сагчаро мешусту шир медод, одоб меомӯхт, соатҳо аз оғӯшаш раҳо намекард.
Рӯзи сеюми сагдорӣ аз шавҳараш хост, барояш номе пайдо кунад. Шаҳараш чанд исми забонзадаро пешниҳод кард, ки агар ба кӯча бароиву ин номҳоро фарёд занӣ, чандин саг аз ҳавлиҳо овоз баланд мекунад. Зан хандиду гуфт: - Ту намедонистӣ, ки саги мо модина аст?
- Чӣ тавр? Наход? Пас, бояд инро баргардонам, ба ҷояш саги нарина биёрам, агар дӯстам то ҳол ҳамаи сагҳояшро тақсим накарда бошад.
Зан розӣ нашуд, дар ин ду-се рӯз бо саг одат карда буд.
-Бигзор модина бошад, ман ӯро дӯст доштам, - гуфт.
Вақте онҳо барои саг ном мекофтанд, дар телевизион барномаи мусиқии ҳунармандони афғон ҷараён дошт ва муҷрӣ рақси “Атани миллӣ”- ро эълон кард. - Бигзор номаш Атан бошад. - гуфт шавҳараш ва номи саг Атан шуд.
Саг аз хурдӣ бо хонуми хона унс гирифт ва аз хулқу хӯи ӯ нусха мебардошт. Зан кӯчагардиро дӯст намедораду хеле кам берун меравад. Саг ҳам кӯчабезор аст. Дар ҳузури марди хона эркагӣ намекунад, аммо бо хонуми хона, ки танҳо монд, меҷаҳад, бо ду пои ақибаш рост меистад, даҳонашро боз мекунаду садоҳои аҷиб мебарорад, ангор, ҳарф мезанад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор