ФАРИШТА ДАР ДӮЗАХ

Хонандаи арҷманд, китобе, ки ҳоло дар даст дорӣ, нахустин роман ва чаҳор ҳикояи журналисти маъруфи тоҷик Соҷидаи Мирзо аст.
Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 473 саҳифа
Гуфт, ки касеро надорад ва меҳмонон омин карда, рӯзи туйро ба охири моҳ гузоштанд. Ситораи ӯ бо шавҳараш аз рӯзи аввал мувофиқ омаду бо ҳам унс гирифта, ягдигарро дӯст доштанд. Ҳамсараш марди хушандому қоматбаланд аст ва гоҳо вақте онҳо ба тамошои шаҳр мераванд, духтарони раҳгузар аз ӯ чашм намекананд. Зан норҳат мешавад, ахм мекунад, аммо мард ӯро ба оғӯш гирифта, “ту зеботарин зани дунёӣ”, - мегӯяд. Зан ба муҳаббати шавҳараш дилпур мешавад. Хонаводаи ҳамсараш одамони баде нестанд. Онҳо ҷудо зиндагӣ мекунанд, вале зуд-зуд меҳмон мешаванд ва ҳамеша масъалаи ҳамлу бачаро доман мезананд.
- Ҳамсолони ту як хона кӯдак зоиданд, ту чаро намезоӣ, мехоҳам набераи яккаписарамро бубинам. - мегӯяд хушдоманаш гӯё бо шӯхӣ. Кампир паёми таҳдидомезашро бо ханда мерасонад. Келинаш ин таҳдидро бо кӯчактарин ҳуҷайраи ҷисмаш эҳсос мекунад.
Панҷ соли аввал умедаш барои бачадорӣ қавитар буд ва ба шӯхиҳои нешдори модаршӯяш “як рӯз не, як рӯз мезоям”, - мегуфту механдид. Аммо панҷ соли ахир аз ин суол метарсад. Метарсад, кӯдаки сари дасти модареро дӯстдорӣ кунад, то напурсад: “Худат кай мезоӣ?”. Ҳар ҷо ҳарфи ҳомиладорӣ дар миён бошад, ӯ аз он ҷо бо баҳонае берун меравад. Шунидани калимаи “фарзанд”, ки ба андозаи як дунё барояш пураҳаммият аст, акнун ӯро нороҳат мекунад.
Хоҳарҳои шавҳараш дар синну сол аз ӯ хурдтаранд, вале дусе фарзанд доранд. Онҳо гоҳ-гоҳ меҳмон мешаванд ва огоҳу ноогоҳ ӯро доғ-доғ мекунанд. Панҷ соли аввал хонаводаи шавҳарашро зуд-зуд меҳмондорӣ мекард, чеҳрааш шод буд, зери лаб суруд мехонд. Панҷ соли ахир дарундор шуд. Дилаш пури ғам аст, аммо ғамгусоре надорад, магар як саги зарди бовафо, ки аз хурдӣ худаш мисли бачаи одам бузург карда буд.
Тобистони соли панҷуми издивоҷаш буд, ки шавҳараш сагбачаеро ба хона овард.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор