Зеҳн
ФАРИШТА ДАР ДӮЗАХ

Хонандаи арҷманд, китобе, ки ҳоло дар даст дорӣ, нахустин роман ва чаҳор ҳикояи журналисти маъруфи тоҷик Соҷидаи Мирзо аст.

Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 473 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Ин андешаҳо ӯро торафт ғӯтавари ғуссаҳо мекунанд.
Зан аз ҷой баланд шуд. Пушташ дар гилемаи рӯи кат қолаб гирифта буд. Субҳ бо садои сатили ҳамсояи ширфурӯш ва сулфаи падаршӯи пираш, ки бо овози баланд оби таҳорат мепурсид, фаро мерасид. Ғиҷ-ғиҷи аробаи майдафурӯшҳои бозор дар оромии бомдод чун сози шикаста садо медод ва андуҳи занро бештар мекард. Ӯ аз роғи дар ба берун нигарист. Арӯси хушлибосе, ки ҳафтаи пеш бо сурнаю карнай ва буғзании корвони мошинҳо ба хонаи рӯ ба рӯ фаромад, кӯчаро об мезаду ҷорӯб мекашид. Бо як даст чоки амиқи гиребонашро медошт, то синаҳои анормонандашро кас набинад. Об аз нӯки мӯйҳои ба қад баробараш ба замин мечакид Бечора, дар ин саҳари муллоазон аз оғӯши гарми шавҳараш баланд шудаст, то модаршӯяш нагӯяд, ки арӯс нокора баромад.
Зан ба ёд овард, ки солҳои пеш ӯ ҳам ба хотири дилгармии хешовандони шавҳараш барои ҳамаи онҳо курта медӯхт, кӯдакони хоҳаршӯяшро нигоҳубин мекард, рӯзе ду дафъа ғизои хушмазза мепухту ба хонаи модаршӯяш мефиристод. Аммо баъдҳо фаҳмид, ки ин талошҳо беҳудаанд, агар бачае набошад.
Ӯ даҳ сол пеш бо хоҳиши хонаводааш бо ин мард издивоҷ кард. Модаршӯяш ӯро дар як туй аз байни даҳҳо духтар писандид ва аз хешонаш нишонӣ гирифт, то ӯро барои писараш хостгорӣ кунад. Бо қомати баланд, гесувони дарози пурпечутоб, чеҳраи нозук, лабҳои пурра, чашмони сабз ва абрувони шамшерӣ, ӯ зеботарин духтари ин ноҳия буд. Пойи хосгорҳо аз дари хонаашон канда намешуд, аммо волидонаш бо баҳонаи “ҳоло ҷавон аст, донишгоҳро хатм кунад, баъд мебинем” хостгорҳоро ноумед мекарданд. Ду моҳ пеш аз хатми бахши тарроҳии донишгоҳи маҳаллӣ хостгорҳои шаҳрӣ ба дари хонаи духтар ангушт заданд. Модараш бо дархости падар дар хилват аз ӯ пурсид, ки агар дилдодае дорад, бигӯяд, агар не, табақу тавсини ин хостгорҳоро қабул мекунанд.

пешина
аз 473
навбатӣ