ФАРИШТА ДАР ДӮЗАХ

Хонандаи арҷманд, китобе, ки ҳоло дар даст дорӣ, нахустин роман ва чаҳор ҳикояи журналисти маъруфи тоҷик Соҷидаи Мирзо аст.
Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 473 саҳифа
Баъд ҷойнамоз мепартояд ва барои ин шаккокиҳояш тавба мекунад.
Рӯзҳои ҳайзашро маъмулан аз шавҳараш пинҳон медорад, барвақт ба ҷогаҳ медарояд ва худро ба хоб мезанад.
Аммо аз бахти бадаш шавқи ишқварзии шавҳараш ҳамон рӯзҳо боло мегирад. Аз бегоҳ чун наҳанги мавсими ҷуфтгирӣ гирди занаш давр мезанад ва ӯро ба тахти хоб мехонад. Занро ба оғӯш мекашад, синаҳои тарангашро дар панҷаҳояш мефишорад, худро ба думбаи дамидаи ӯ ҷафс мекунад. Зан намеҷунбад, гӯё хобаш бурдааст. Мард бо як ҳаракати сареъ ӯро ба пушт мехобонад, лаб ба лабҳояш мегузораду забони нармашро мемакад. Дастонаш шиками ҳамвори занашро молиш медиҳанд ва пойнтар мехазанд. Нафасаш мегирад ва мехоҳад ҳар чӣ зудтар ба он боғи ғунчаи нимшукуфта фурӯ раваду дар он гулзор ғарқ шавад. То ин ҷо мерасад, ки зан дасти ӯро дур мекунад. Мард лаҳзае шах мешавад, аммо зуд пай мебарад, ки занаш боз ҳайз дидааст. Солҳои аввал бо вуҷуди ҳайз хирагӣ мекарду мегуфт:
- Шери хуфта бедор шудааст, оромаш кун. Ба пушт мезад ва занаш ӯро мебӯсиду мелесид, то комаш бароварда шавад.
Аммо моҳҳои ахир дар чунин рӯзҳо нороҳат шуда, дар мехмонхона мехобад ва танҳо баъди хуфтани ҳамсараш ба хонаи хоб бармегардад…
Зан дар пеши шавҳараш эҳсоси гуноҳ мекунад. Бачаро бештар аз худаш барои ӯ мехоҳад, то дар баробари хешу табор забокӯтоҳ набошад. Дӯстони шавҳараш бачаҳои бақадди худ баробар доранд ва гоҳо онҳоро боифтихор ба меҳмонӣ меоранд. Шавҳараш сари бачаҳоро навозиш мекунаду “марди бузург шудаед” -мегӯяд ва баъди рафтани онҳо пушти ҳам сигор мекашад.
Зиндагиаш дигар лаззати гузаштаро надорад. Ҳар бор ба сурати зебо ва шиками ҳамвораш менигарад, худро дарахти ороишие мебинад, ки ҳама гӯё зебоияшро ситоиш мекунанд, аммо, дар асл, чашмашон ба сӯи дарахтони мевадор аст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор