ФАРИШТА ДАР ДӮЗАХ

Хонандаи арҷманд, китобе, ки ҳоло дар даст дорӣ, нахустин роман ва чаҳор ҳикояи журналисти маъруфи тоҷик Соҷидаи Мирзо аст.
Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 473 саҳифа
(Ҳикоя)
АТАН
Ӯ нимашаб аз дарди барояш шинос бедор шуд. Дард аз поёни ноф оғоз гирифту оҳиста ба камараш хазид ва дар ронҳояш истод. Ҳаросон даст ба шармгоҳаш бурд ва дасташ тар шуд. Мавҷи афсурдагӣ башиддат вуҷудашро фаро гирифт ва комаш ях баст. Аз дард буд ё аз сардӣ, ки ба танаш мурғак дамид, ангор, пӯст аз баданаш ҷудо мешуд. Оҳи пурдардашро бо эҳтиёт фурӯ кашид, то шавҳараш бедор нашавад ва бесадо аз ҷой бархост.
Зан душ гирифту либос иваз кард, вале дигар ба хонаи хоб барнагашт. Ба ҳавлӣ баромаду рӯи кат дароз кашид. Соат чаҳори субҳ буд ва осмон пур аз ситора. Аз дур бонги хурусе ба гӯш мерасид. Дилаш сиёҳ буд ва хаёлҳояш парешон.
Ӯ ин ҳолатро панҷ соли ахир ҳар моҳ аз сар мегузаронад, гоҳ рӯзона, гоҳ нимашаб. Дар чунин рӯзҳо афсурдаву камгап мешавад, гоҳо соатҳо сар аз болин барнамедорад. Танҳо баланд мешавад, то барои шавҳараш ғизое омода кунад. Аз тамоми неъматҳои дунё танҳо як фарзанд мехоҳад, аммо ҳайҳот, ки ҷанин дар раҳмаш намепояд. Хобҳояш солҳои ахир пур аз гиряи кӯдак ва бедориаш пур аз васвасаи бордоршавист. Ҳар куҷо номи як табибро шунавад, бо умед ба даргоҳаш меравад. Моҳҳо доруву дармон мекунад. Он қадар зиёд назди табибон рафту он қадар доруи талх хӯрд, ки агар фоида мекард, ҳоло даҳ бача зоида буд. Аммо ҳайз ҳамоно ҳар моҳ, чун меҳмони номуборак нобаҳангом меомад ва бунёди зиндагиашро хароб мекард.
Ӯ баъзан аз қаҳр бо Худо мунозира мекунад:
- Эй Худо, адлат куҷост? Ба ҳама тӯда-тӯда фарзанд ато мекунӣ, вале аз ман якеро ҳам дареғ медорӣ. Чаро бо ҳама раҳмону раҳим, вале бо ман номеҳрубонӣ? Бигӯ, гуноҳам чист?

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор