ФАРИШТА ДАР ДӮЗАХ

Хонандаи арҷманд, китобе, ки ҳоло дар даст дорӣ, нахустин роман ва чаҳор ҳикояи журналисти маъруфи тоҷик Соҷидаи Мирзо аст.
Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 473 саҳифа
Нофи кӯдакро худам буридам, банди нофаш дар мушташ буд, намехост сар диҳад. Парастор нимшӯхиву нимҷиддӣ гуфт:
- Мардаки пулёб мешавад.
-Азизам, ту чӣ қадар ширинӣ, ҷингиламӯи ман,- ин ҳамаро зери лаб гуфтам, ангор кӯдаки худамро навозиш мекардам. Мехостам ӯро сахт ба оғӯш бигирам ва ба ҳолаш бигирям, ба бепадариаш, ба ғаму андуҳе, ки дар батни модар ҳис мекард ва ба шири ғамолудае, ки акнун аз пистони модар мехӯрад... Кӯдакро рӯи пистони модари беҳолаш гузоштам ва ба назди панҷара рафтам. Бигзор ӯ бо писараш дар танҳоӣ дарди дил кунад.
Субҳ медамид, чи шаби дарозе буд имшаб, ангор, тамоми роҳи умрамро дубора тай кардам. Хеле хаста шудам.
Мисли одамоне будам, ки пас аз анҷоми рисолати муҳим якбора бидуни ҳадаф мемонанд.
-Духтур! - зан аввалин бор маро садо кард. Ба наздаш рафтам. Парастор бачаро кайҳо бурдаст. Ба зан гуфтам, ки ками дигар дар тахти зоймон бимонад ва бастаи яхро аз шикамаш дур накунад. Ӯ аз дастам гирифт.
-Ман аз ту миннатдорам, аз замин то осмон, хоҳиш мекунам аз мо дур нашав, мо наздиктар аз ту касеро надорем, ёдат бошад, ин писарро мо ҳарду бо оби чашм парваридем, ӯ писари ту ҳам ҳаст.- инро гуфту гирист. Ман низ гиристам.
Шифти шаб тамом шуду шитобон ба берун баромадам.
Офтоб харобкориҳои борони сели шабаи гузаштаро, ки дарахтонро урён ва заминро пур аз барги хазон карда буд, бо ранги беҳтаре ҷилва медод. Вой, ман як дунё кор дорам. Бояд барои кӯдак либос бигирам, баъд хабари таваллуди додарро ба ду бачаи дигараш расонам ва аз пайи карнаю сурнай шавам, намехоҳам кам биёрам. Мехоҳам писари шарикиамон бо созу тарона ба хонааш биравад...

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор