ФАРИШТА ДАР ДӮЗАХ

Хонандаи арҷманд, китобе, ки ҳоло дар даст дорӣ, нахустин роман ва чаҳор ҳикояи журналисти маъруфи тоҷик Соҷидаи Мирзо аст.
Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 473 саҳифа
Парвона аз шишаи мошин бархосту чанд лаҳзаи дигар даври сарам чарх зад ва сипас нопадид шуд. Мегӯянд мурда баъди чил рӯз билохира мефаҳмад, ки ӯ дигар дар байни одамони зинда ҷой надорад ва ба дунёи худаш меравад. Бирав азизам, ба дунёи худат, ба он маҳалли ҳаёти ҷовидона, ҷойе, ки бошандагонаш намемиранд ва дар боғҳои сарсабз аз ҳусни ҳурҳои биҳиштӣ лаззат мебаранд...
Он шаб ман баъди ҳафтаҳои бехобӣ аввалин бор бе доруву дармон хобидам, вале то рӯз дар хобам дарди зоймон доштам ва бача таваллуд мекардам.
-Духтур, меҳмонатон бетобӣ дорад, шиддати дардҳояш аз дақиқа ба сония гузашт, - садои парастор маро ба худ овард.
- Соат чанд аст?
- Соат се шуд.
- Сеи бомдод?
- Бале духтур, сеи бомдод, - парастор аз ҳолати имрӯзаи ман чӣ рамузе бардошта буд, ки дигар “ақлакӣ” накард.
Даступохӯрда шудам. - Ӯро ба ҳуҷраи зоймон бубар, ман ҳам омода мешавам.
Зан дар тахти зоймон аз дард “вой мемурам” мегуфт. Роҳ барои таваллуди тифл боз шуда буд. - Зӯр бизан ҷонам, зӯр бизан, маҳкамтар, боз зӯр бизан, офарин духтари боҳуш! Акнун каме манъ шав, нафаси амиқ бикаш, баъд боз якҷо зӯр мезанем, бошад? Зан амиқ нафас мекашид, ман низ бо ӯ нафаси амиқ мекашидам, ангор, худам зоймон доштам.
- Рафтем, зӯр боз зӯр як зӯри амиқ бо тамоми неру офарин! Ин дам садои фарёди модар бо гиряи кӯдак баҳам печид ва ҳамон ҷаззобияти асрорангез ҳуҷраро пур кард.
Модар аз беҳолӣ ёрои сухан гуфтан надошт ва танҳо бо нигоҳи пур аз хоҳиш чашмони маро меҷуст. Тифлро болои сар бардоштам. - Чӣ шоҳписаре зоидӣ зан! Муборакат бод!

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор