Зеҳн
ФАРИШТА ДАР ДӮЗАХ

Хонандаи арҷманд, китобе, ки ҳоло дар даст дорӣ, нахустин роман ва чаҳор ҳикояи журналисти маъруфи тоҷик Соҷидаи Мирзо аст.

Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 473 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Аҷиб аст, ту ҳам напурсидӣ, ки чаро ман ҳар рӯз ба хонаат меоям. Чаро?

  • Намедонам, шояд дорӯ мекофтӣ, дорӯе, ки шиддати дардатро кам кунад. Фоҷеа баъзан инсонҳои ношиносро баҳам меорад ва ғамшарик мекунад, -гуфтам. Ин дарозтарин ҷумлае буд, ки дар тамоми муддати шиносоӣ бо ӯ ба забон овардам. Инро гуфтаму ба рӯяш нигоҳ кардам, то дурусти ё нодурустии фарзияаамро шунавам. Зан бо ҳамон шеваи ба худаш хос чашм ба дуриҳо дӯхта буд.
  • Он шабу рӯз бо ҳама қаҳр будам, ҳатто бо Худо, ки маро ба тахти бахт нишонд ва беҳтарин марди дунёро насибам кард. Хаёл мекардам, ки касе дарди маро дарк намекунад, магар ту, ки мисли ман ғамбемор будӣ.
    Медонистам, ки ту барояш азизӣ, хонаи ту барояш азиз аст.
    Ӯ ҳатто барои ман атри туро харид, то дар хона ҳам аз бӯи ту нафас бикашад. Рӯзи аввал ҳоли зоратро дидаму ором шудам, дидам, ки ту аз ман дида бадбахттар будаӣ...
    Ҷумлаи ахираш хориамро овард, димоғам сӯхт ва ашкҳоям дона-дона ба домонам рехтанд. Дастмол надоштам, ашкҳоямро пок кунам ва оби чашмамро чун ятимони аламдида бо пушти дастам мерӯфтам. Зан оҳиста ба ман наздик шуд ва сарамро ба рӯи зонуяш гузошт. Ӯ ашкҳои маро бо ангуштонаш пок мекард ва ман ба ӯ ҷафс мешудам, ангор, мехостам дар бағалаш гум шавам. Ногаҳ шах шудам, мисле, ки маро барқ зад, сарамро ба шиддат баланд кардам ва ба чашмонаш нигаристам. Худои ман, ӯ обистан буд! Ман тик-тик лагад задани бачаашро ҳис кардам. Дар чеҳраи зан боз ҳамон лабханди мармуз шукуфт, ӯ сари маро дубора ба зонӯяш гузошт ва ман шиками дамидаашро бӯсидам... Дар батни ӯ як ҷони зинда лингак мезад ва аз идомаи зиндагӣ дарак медод...
    Вақте ман аз хонаи онҳо берун мешудам, офтоб дар паси кӯҳҳои барфпӯш нишаста буд ва охирин нурҳояш домани осмонро лолагун мекард.
пешина
аз 473
навбатӣ