Зеҳн
ФАРИШТА ДАР ДӮЗАХ

Хонандаи арҷманд, китобе, ки ҳоло дар даст дорӣ, нахустин роман ва чаҳор ҳикояи журналисти маъруфи тоҷик Соҷидаи Мирзо аст.

Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 473 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Гирдогирди ҳавлӣ либосҳои маҳбуби маро овехта буданд. Ман так-таки ин либосҳоро мешинохтам ва аз ҳар кадомаш як хотира доштам. Хотираи дидори аввал, хотираи бӯсаи аввал... Хона пур аз бӯи ӯ буд.
Хостам пероҳани сафедашро, ки ба ӯ бисёр мезебид, ба оғӯш бигирам, аммо истиҳола кардам ва танҳо чашмонамро пӯшидаму он ҳаворо бо ҷону дилам нафас кашидам.
Зан дар айвон нишаста буду кокулони духтарашро мебофт ва гоҳ-гоҳ писарашро, ки сар ба зонуи модар гузошта буд, навозиш мекард. Чӣ тасвири зебое! Мисли наққошиҳои суратгарони давраи Ренесонс. Ман аз онҳо чашм намекандам, ангор афсун шудам. Ҳарду бачааш нусхаи падар буданд, ҳамон чашмони сабзи зебо ва ҳамон мӯйҳои ҷингилаи монанди шаб сиёҳ. Писараш тахминан 12-13-сола буд, духтараш каме аз ӯ хурдтар. Чеҳраи зан лабханди мармузе дошт, маро диду ҳайрон нашуд, биё ҳам нагуфт.
Чанде рӯи по истодам, то ӯ корашро тамом кард, ҷабини духтарашро бӯсид ва "акнун метавони биравӣ" гӯфт.
Писараш низ аз ҷой бархост, вақте аз паҳлуям мегузашт, бо гӯшаи чашм ба ман нигоҳи маънидоре кард, ангор, медонист ман кӣ ҳастам. Дилам мехост ӯро ба оғӯш бигирам, дар сандуқи дилам пахш кунам, аммо истиҳола кардам.

  • Дер кардӣ, барвақттар интизорат будам, хеле ба тоқат будаӣ, -маро садои зан ба худ овард. Нафаҳмидам, ки ситоишам кард ё накуҳиш. Аммо нигоҳаш имрӯз нармтар менамуд. Дар хона ҳам шоли сафеду болопӯши сиёҳ пӯшида буд, гӯё онҳо дар танаш сабзида буданд. Рӯ ба рӯяш нишастам, вале намедонистам, ки саҳнаи баъдӣ чӣ хоҳад буд, мисли сериоли телевизионӣ, ки филмномаашро дар ҷараёни бозӣ менависанд. Зимоми суҳбат чун ҳамеша дар дасти ӯ буд.
  • Ман он қадар ба хонаат рафтаму баргаштам, ки роҳи манзилатро аз худ кардам, - давом дод ӯ. Он роҳ олуда бо ашкҳои ман аст ва агар солҳо баъд низ аз он ҷода бигзарам, шояд талхии фоҷиаи зиндагиамро дар комам эҳсос кунам.
пешина
аз 473
навбатӣ