Зеҳн
ФАРИШТА ДАР ДӮЗАХ

Хонандаи арҷманд, китобе, ки ҳоло дар даст дорӣ, нахустин роман ва чаҳор ҳикояи журналисти маъруфи тоҷик Соҷидаи Мирзо аст.

Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 473 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Хостам пеш аз рафтам мӯю рӯямро ба тартиб биёрам, аммо чеҳраи хазонамро дидаму аз фикрам гаштам. Ороиш вақти зиёд мегирифт, ман таҳаммули ба дарозо кашидани вақтро надоштам. Мӯйҳоямро дар теппаи сарам ғунча кардаму рӯсариву айнаки сиёҳ пӯшидам.
Раҳнамои мошин масофаи хонаи ӯро, ки дар шаҳраки навбунёди канораи пойтахт будааст, 30 дақиқа нишон медод.
Бе ҳеҷ дудилагӣ пойро аз тормуз бардоштам. Вақте ба маҳаллаи ӯ расидам, соат аз чаҳор гузашта буд.
Хонаи барҳавое доштаст, дар кӯчаи сарватмандон, ки ҳар манзил на камтар аз ду ошёна дошт ва кӯча пур аз мошинҳои гаронбаҳо буд. Эҳсоси аҷибе доштам. Тасаввур кардам, ки маҳбуби ман ҳар субҳ аз ин дарвозаи барҳаво берун мешуд, дар дами дар бо занаш худоҳофизӣ мекард ва ӯро мебӯсид.
Зан ҳам кӯртаву пидҷаки шавҳарашро як бори дигар аз назар мегузаронд, гарди китфҳояшро меафшонд ва мегуфт "худо ёрат, ҷонам". Ӯ ба назди ман ҳамеша ороставу шик меомад.
Бӯи атрҳои гаронбаҳояш то расиданаш ба хонаи ман чаҳор ошёнаи дигарро хушбӯй мекард. Ман ҳеҷ гоҳ куртаи ӯро нашуста будам...
Аз дарвозаи боз як-як занҳои сиёҳпӯш ва мардҳои ҷомапӯш берун мешуданд. Ду соат дар дохили мошин нишастам, то соат аз шаш гузашт ва дар кӯча ба ҷуз ду-се кӯдак, ки дар канори ҷода бозӣ мекарданд, дигар касе намонд. Парвонаи зебое гирди мошини ман хеле чарх зад ва шояд ранги сурхи мошин хушаш омада буд, ки ба шишаи пеш нишаст. Он қадар наздик буд, ки ман чашмонашро медидам. Оҳиста аз мошин берун шудам, дар ҳоле ки аз ҳаяҷон ҳалқам қоқ шуда буд, ба сӯи дар рафтам ва зангро пахш кардам. Касе набаромад ва ман қадам ба пеш гузоштам Ҳавлӣ ҳам холӣ буд, танҳо мизу курсиҳои зиёд аз хатми маъракае дар ин хона дарак медод. Паррандаҳо аз дегҳои калони даҳонашон нимапӯш, ки маъмулан дар тӯю худоиҳо истифода мешаванд, дона мебардоштанд ва бо минқорҳои пур ба куҷое парвоз мекарданд.

пешина
аз 473
навбатӣ