Зеҳн
ФАРИШТА ДАР ДӮЗАХ

Хонандаи арҷманд, китобе, ки ҳоло дар даст дорӣ, нахустин роман ва чаҳор ҳикояи журналисти маъруфи тоҷик Соҷидаи Мирзо аст.

Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 473 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан
  • Мақсадамро бе пешгуфтор баён кардам.
  • Метавони адреси хонаи ӯро ба ман бидиҳӣ?
  • Чаро? Чӣ кор мекунӣ?
  • Ҳеҷ, мехоҳам хонаашро аз дур бубинам.
  • Боз коре накунӣ, ки озурда шаванд, бе ин ҳам хун мегирянд.
  • Магар девонаам?
  • Намедонам, хар чӣ шуданаш мумкин.
    Ин ки ӯ бовуҷуди дӯстии яксола шинохти хубе аз ман надоштаст, маро озурда кард, аммо ҳоло вақти ранҷиш набуд.
  • Хоҳиш мекунам... - исрор варзидам ман.
  • Бошад, бо паёмак мефиристам.
  • Ташаккур, ки кумак кардӣ...Худо ҳофиз
  • Як лаҳза бош мехоҳам чизеро бароят бигӯям, ...ҳмм ...намедонам медонистӣ ё не, ӯ туро бисёр дӯст медошт, марди дарундор буд, розашро ба касе намегуфт, аммо рӯзҳои охир дигар шуда буд. Мегуфт, агар садоятро нашнавад, хобаш намебарад, ...мехостам, бидонӣ... хушбахттар аз оне будӣ, ки худат фикр мекунӣ...
    Ҳиқ-ҳиқи гиряи ман садои ӯро пахш кард, ки давоми ҳарфашро нашунидам. Мехостам, фарёд занам, ки ман ҳам дӯсташ медоштам, ӯ ҷони ман буд, оину меҳроби ман буд, ангезаи зистанам буд, балки зиндагиам буд. Худро ба тахти хоб партофтам ва кӯрпаро ба рӯям кашидам то фиғонам ба гӯши ҳамсояҳо нарасад.
    Рӯзи дигар қариби зуҳр бо эҳсоси омехтаи ҳаяҷону беҷуръатӣ аз хоб бедор шудам. Дар умқи дилам дарк мекардам ки ман на ба он зан, балки ба хотироте, ки ӯ аз маҳбуби ман дорад, алоқаманд шудаам. Мехоҳам ӯ соатҳо достон бигӯяду ман бишнавам. Ин достонҳо халоеро, ки баъди марги азизам пайдо шудааст, пур мекунанд. Ман ҳоло наздиктар ва ҳамрозтар аз ин зан касеро надорам, ман ба ӯ эҳтиёҷ дорам, ӯ ба ман. Гаравгони ин хоҳишҳо будам.
пешина
аз 473
навбатӣ