ФАРИШТА ДАР ДӮЗАХ

Хонандаи арҷманд, китобе, ки ҳоло дар даст дорӣ, нахустин роман ва чаҳор ҳикояи журналисти маъруфи тоҷик Соҷидаи Мирзо аст.
Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 473 саҳифа
Хомуширо тик-тики соат халалдор мекард.
Ба қасди рафтан вазнин аз ҷой бархосту дарро боз гузошта рафт. Дилам мехост наравад, ӯ ягона пайванди байни ману маҳбубам буд ва агар ин пайванд гум шавад, ангор, ман низ гум мешавам. Дарди муштарак ва марди муштарак маро бо он зан, ки огоҳу ноогоҳ ба ҷигараш доғ гузоштам, қарин мекард. Бехабар мондам, ки чӣ тавр ба ин дидорҳо алоқаманд шудам...
Рӯзи дигар саҳар аз хоб бархоста ба гулҳои паҷмурдаи балкон об додам, барои ҷуфти парасту дона рехтам ва хонаро тамиз кардам. Анкабуд куҷое рафта буд, ки дар хонааш набуд, хонаи ӯро низ руфтам. Ҳаммоми гарму либоси тоза ҳоламро беҳтар кард. Тамоми рӯз чашм ба роҳаш будам, гоҳ ба балкон медавидам гоҳ ба назди панҷара ва гоҳ ба соат менигаристам. Вақт коҳилона мехазид. Нигоҳам аз ақиби раҳгузаре то сари кӯча мерафт ва бо раҳгузари дигар бармегашт. Шаб шуду ӯ наомад, шояд ба зиёрати қабри шавҳараш рафта буд, ё имрӯз ба кӯдакони ҷингиламӯи сабзчашмаш расид. Дору хурдаму хобидам, то вақт зудтар гузарад ва субҳ зудтар бидамад. Аммо ӯ рӯзи дигар ҳам пайдо нашуд, рӯзҳои дигар ҳам. Аз рафтуо дар роҳи балкону панҷара хаста шудам ва телефонро, ки як моҳ боз хомӯш буд, рӯшан кардам. Огоҳии даҳҳо паёму зангҳои беҷавоб пушти сари ҳам садо дод, паёмҳои дӯстон, хоҳарам, ҳамкоронам, ки эҳтимол аз нопадид шуданам нигарон буданд. Паёмҳоро нохонда руфтам, чун тоби хондану шунидани таъзияву афсусҳои қолабиро надоштам. Ҳадаф аз рӯшан кардани телефон рақами як дӯсти муштарак буд, ки ба хонаи маҳбуби ман равуо дошт.
Ӯ гӯширо зуд бардошт, садои маро шинохт ва каме даступоча шуд.
-Ҳолат хуб аст? Чанд дафъа занг задам гӯшиат хомӯш буд, аз мо ягон хизмат ҳаст? - гуфт ӯ.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор