Зеҳн
ФАРИШТА ДАР ДӮЗАХ

Хонандаи арҷманд, китобе, ки ҳоло дар даст дорӣ, нахустин роман ва чаҳор ҳикояи журналисти маъруфи тоҷик Соҷидаи Мирзо аст.

Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 473 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Азбас роҳаш аз паҳлӯи гӯри азизи ман мегузашт, интизор шудам, то наздиктар биёяд. Салом додам, бо эҳтиром даст пеши бар алек гирифт.

  • Худованд гузаштагони шуморо раҳмат кунад, - гуфт ӯ ва пурсид, ки ба зиёрати кӣ омадам.
  • Ба аёдати ҳамсарам омадам, се рӯз пеш гузашт, 37-сола буд.
  • Худо раҳмату мағфират кунад ва ҷояш ҷаннат шавад.
    Ҳарду омин гуфтем.
    Пурсидам, ки ӯ киро аз даст додааст. Гуфт шавҳарашро ва оби чашмаш рӯяшро шуст.
  • Се моҳ пеш ба раҳмати Худо рафт. 27 сол дошт. Ҳамаги се сол хонадорӣ кардем. Ҳоло ҳар шаб ба хобам меояду мегӯяд бо ман биё. Ман ба ҷону дил мерафтам, аммо як кӯдак дорам, бесоҳиб мемонад, на модар дорам на падар.
    Худораҳматӣ ҳам як модари касалӣ дорад, ки худаш муҳтоҷи як коса об аст. Имруз омадаму диламро холӣ кардам, гуфтам ту азизтар аз ҷонамӣ, аммо дигар наё ба хобам, бигзор ман ғами бевагию муҳтоҷиамро бинолам ва бачаи туро бузург кунам. Як кӯза оби сардро ба гӯраш рехтам то таспи дилаш бинишинад ва дигар маро ба сӯяш нахонад.
    Гуфтам:
  • Хуш ба ҳолат, ки хобат мебараду азизатро дар хоб мебини, ман дар ҳасратеам, ки ҳамсарамро як бори дигар бубинам.
  • Мурдаро дар хоб дидан хосияти хуб надорад, - гуфт ӯ бо лаҳне, ки ба синну солаш мувофиқ набуд, - калонтарҳо ҳамин тавр мегӯянд, баъзе мурдаҳо аз наздикони худ дил канда наметавонанд, мехоҳанд онҳоро бо худ бубаранд. Хоб набинед беҳтар аст.
    Меҳмони ман ба сукут рафт, шояд дар бораи он зани ҷавон меандешид, ки дар қабристон дида буд. Ё шояд риштаи гумкардаи қиссаашро меҷуст, ки аз суоли “ту ӯро хоб мебинӣ” оғоз гирифт.
пешина
аз 473
навбатӣ