ФАРИШТА ДАР ДӮЗАХ

Хонандаи арҷманд, китобе, ки ҳоло дар даст дорӣ, нахустин роман ва чаҳор ҳикояи журналисти маъруфи тоҷик Соҷидаи Мирзо аст.
Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 473 саҳифа
Ҳикоя
Аз аввал хонданМуйсафедеро дидам, ки дар байни ду гӯри тоза ба зону зада хок бар сар мекард ва фиғон мекашид:
- Эй Худо, чаро раво дидӣ, ки тобутбардори фарзандон шавам, чаро ҷони мани пирро нагирифтӣ!
Ёдам омад шабе азизи ман мариз шуд, таб карду ҳазён гуфт, то рӯз бемордорӣ кардам, саҳар дар рӯи зонуям хобаш бурд. Поям шах шуда буд, аммо аз ҷой наҷумбидам, то бедор нашавад. Он субҳ ман аз Худо илтиҷо кардам, ки баъди сари ин мард маро як соат ҳам зинда намонад. Ман аз паҳлуи он муйсафед, ки мисли девонаҳо саллааш ба гарданаш хамида, синаи пираш урён шуда буд, гузаштам. Ӯ маро ҳатто надид.
Қабри азизи ман болотар, дар баландии теппа аст. Қабри гулпӯш, мисли арӯс ороста. Садбаргҳои болои сарашро шояд ҳамон субҳ оварда буданд, зеро ки тару тоза буданду бӯи биҳишт доштанд. Онҳоро кӣ овардаст, намедонам, шояд ҷигарсӯхтаи дигаре мисли ман. Зан озмоишкорона ба ман нигарист, ман нигоҳамро гурезондам. Аз он хиҷолат кашидам, ки ин ҳама рӯз ба ҳоли худ гиристам, аммо боре ба ёдам нарасид, ки ба зиёраташ биравам. Он гулҳоро кӣ бурда бошад? - Ман қабри азизамро ба оғуш гирифтаму гиристам, он қадар ки аз беҳолӣ хобам бурд, - ашкҳои зан дона-дона аз гунаҳои афсурдааш ба болопӯши сиёҳаш рехтанд. Қуттии дастмолҳоро ба сӯяш дароз кардам, ӯ якеро бардошту ашкҳояшро пок кард ва қиссашро идома дод.
- Маро садои зане ба худ овард, ки дуртар бо теппаи хок суҳбат мекард. Хок нам набуд, шояд гурро се чор моҳ пеш канда буданд. Ҳар қадар гӯш додам, нафаҳмидам, ки чӣ мегӯяд. Ниҳоят он зан аз ҷой бархосту домани пероҳанашро афшонд. Ҳудудан 24-25 сола буд. Зани бисёр зебо, мисли ин ки чеҳраашро суратгаре бо ҳавас кашида буд. Он қадар хушрӯй буд, ки ҳатто либоси беранги азодорӣ ва чодари сиёх ҳуснашро халалдор намекард. Ӯ дам ба дам чодарашро пеш мекашид, аммо бод онро аз сараш мерабуд ва бо зулфони сиеҳаш бозӣ мекард.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор