ФАРИШТА ДАР ДӮЗАХ

Хонандаи арҷманд, китобе, ки ҳоло дар даст дорӣ, нахустин роман ва чаҳор ҳикояи журналисти маъруфи тоҷик Соҷидаи Мирзо аст.
Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 473 саҳифа
Фардо барояшон гандум мерезам то дар ҷустуҷӯи ғизо ба хамгаштҳо нараванд ва бо ҳам танҳо дар осмонҳо парвоз кунанд.
Қавл додам, ки имшаб ба ҳар қимате бошад, бояд бихобам, вагарна мағзам метаркад. Аз қуттии доруҳо сахттарин қурси хобро пайдо кардам, ки равоншиносам ду сол пеш, баъди талоқ аз ҳамсарам барои табобати зиндагибезорӣ дода буд. Ду дона қурсро хурдаму ба ҷогаҳи хоб даромадам. Чашмонам зуд пушида шуданд.
Рӯзи дигар соати се, дуруст замоне бедор шудам, ки офтоб ними осмонро тай зада, оҳиста ба самти ғуруб мерафт.
Хонаи ман дар ошёнаи панҷум аст, ҷойи бисёр муносиб барои тамошои ғуруби офтоб. Аз балкон силсилакӯҳҳои барфпӯш, ки чун марворид гардани шаҳрро зеб медиҳанд, он қадар наздик метобанд, ки гӯӣ даст дароз кунӣ, ба доманашон мерасад. Ҳоло ин ҳама зебоӣ дар дили ман, ки чун даҳанаи вулқони нимахоб дуд мекунад, намегунҷид.
Хостам аз балкон дур шавам, аммо ҳиссе гуфт, ба он сӯ нигар. Ман ӯро зуд шинохтам, аз шоли сафеду болопӯши сиёҳаш ва шеваи роҳ рафтанаш, ангор, қадамҳояшро то хонаи ман мешумурд. Дарро кушодаму нимабоз гузоштам, бигзор роҳат биёяд. Эҳсос кардам, ки ҳеҷ касеро ба андозаи ӯ хоҳиши дидан надоштам.
- Ӯро хоб мебинӣ? - пурсид аз ман
- Гаҳ гоҳ, аз дур мебинамаш, аммо ҳарф намезанад...
- Намедонам чаро ба хоби ман намеояд, -гуфт ӯ бо таассуф, - шояд аз ман ранҷидааст. Моҳҳои пеш аз мурданаш ду се дафъа даъвоямон шуд, ҷанҷол сари ту буд ва ман ба ӯ ҳарфҳои дилхарош гуфтам, шояд дилашро шикастам... Баъди гӯру чӯбаш дигар тоб наовардам ва рӯзи сеюм барои зиёраташ ба водии хомӯшон рафтам. Бори аввал қабристонро медидам ва аз паҳлуи гӯрҳои куҳнаву нав убур мекардам.
Аҷаб, водии хомӯшон низ бою камбағал доштаст. Баъзе гӯрҳо тахттасангҳои мармару катиба доштанд, баъзеи дигар як пораи оҳан, ки дар он синну соли мурдаи гӯр сабт шудааст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор