Зеҳн
ФАРИШТА ДАР ДӮЗАХ

Хонандаи арҷманд, китобе, ки ҳоло дар даст дорӣ, нахустин роман ва чаҳор ҳикояи журналисти маъруфи тоҷик Соҷидаи Мирзо аст.

Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 473 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Зан остини болопӯшашро баланд кард, банди дастҳояш пур аз доғҳои ҳалқа-ҳалқа буд.

  • Вақте ту пайдо шудӣ, ман аз ин одат даст кашидам, зеро шиддати рашку аламам танҳо бо гоз гирифтани банди даст паст намешуд. Бори аввал ҳис кардам, ки ӯро аз даст медиҳам. Дилаш аз ман то андозае хунук буд, ки агар шаб дар бистари хоб дастам амдан ба баданаш мерасид, мисли хорпушт худро дарҳам мекашид. Дар ин муддат танҳо як бор бо ман ҳамҳоба шуд, он ҳам баъди навозишҳои бепоёни ман, ки мехостам бо ҳар қимате бошад ӯро ба худ моил кунам.
    Шабҳо пушташ бо ман буд, ангор, дар хобаш низ ишқу садоқаташ ба туро посбонӣ мекард. Ин робита доғи бузургеро дар ҷигарам гузошт, ки ман наметавонам онро ба ту нишон диҳам.
    Зан хомӯшона аз ҷой бархосту аз ҳуҷраи хоб берун шуд, ман аз пайяш нарафтам. Садои дар ва афтодани тоблу аз рафтанаш дарак дод. Беихтиёр ба сӯи балкон давидам, ӯ вазнин-вазнин роҳ мерафт, сараш хам буд, гӯё дар душаш даҳ ман бор дошт...
    Чанд соат дар балкон нишастам, то ки ҳаво торик шуд ва чир-чиракҳо ба сурудхонӣ оғоз карданд. Фазо пур аз таронаи дӯстдоштаи шабгардҳо шуд. Чӣ мегуфт ин зан? Гуфт, ки ман ба дилаш доғ гузоштам? Магар ман ин қадар бешафқат будам? Бо худам дар ҳоли ҷанг шудам - як нимаи ман бегуноҳиямро бо далели ишқу ҷунун тавҷеҳ мекард - нимаи дигарам аз ин нимаам мутанаффир буд. Маро аз ин хаёлҳои мағшуш парвози ҷуфти парасту ба худ овард, ки беист болои сарам чарх мезаданд. Онҳо ин баҳор дар тоқи балкони ман лона гузоштанд ва ҳоло мехостанд ба хонаи худ дароянд.
    Дилам аз тасвире, ки ин ҷуфт дар он лонаи зебо то саҳар бо нулҳояшон парҳои якдигарро навозиш мекунанд ва мебӯсанд, гарм шуд. Бигзор ҳаддиақал дар як гӯшаи хонаи сарди ман зиндагӣ ҷӯш занад.
пешина
аз 473
навбатӣ